Аз фаъолияти Маҷлисҳои халқи маҳаллӣ

Хатлон. 9 миллиону 100 сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохта шуд

№37 (3987) 04.04.2019

 28 март Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он, қабл аз ҳама, масъалаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод кардани Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардидани Ҳакимзода Қурбон баррасӣ шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюм – «Амалигардонии «Барномаи давлатии пешгирии вируси масунияти одам барои солҳои 2017 – 2020» муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт чанд барномаи давлатӣ ва стратегияи миллӣ амалӣ шуда истодааст.

– Алҳол дар ҷаҳон беш аз 53 миллион нафар ба беморӣ гирифтор мебошанд, ки аз ин шумора 5,7 миллионашро кӯдакони синни то 15 ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 3042 нафар гирифтори бемории вируси масунияти одам ба қайд гирифта шудааст, ки 62,3 дарсадашро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд. Ин беморӣ хатарнок буда, ба воситаи хун, сӯзандору, алоқаи ҷинсӣ ва дигар роҳҳо ба инсон мегузарад. Занони ҳомиладор ва кӯдакони сироятёфта ба ғамхорӣ фаро гирифта, бо маълумоти пешгирикунанда ва иттилоотонӣ таъмин шуда истодаанд. Бо вуҷуди мавҷуд будани 6 нуқтаи пешгирии вируси масунияти одам ва фаъолият намудани бунгоҳи сайёри тиббӣ, теъдоди занони гирифторшуда ба беморӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Сироятёбӣ бо ин беморӣ бо ҳар роҳе, ки набошад, бояд пешгирӣ карда шавад. Бехатарии хуни донорон низ дар назар аст. Корҳои фаҳмондадиҳиро бо вуҷуди гузаронидани 251 вохӯрию мулоқот, бояд бештар ба роҳ монем, — гуфт Махфират Хидирзода.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода роҳбарияти Раёсати фарҳанг, Идораи телевизион ва радио, сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳо, Сарраёсати молия, марказҳои вируси масунияти одами шаҳру ноҳияҳои вилоятро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ мардумро ба ҳаёти солим ҳидоят намоянд, хусусан, ҷавононро аз вируси фалокатбор эмин нигоҳ доранд.

Дар робита ба масъалаи сеюм ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Яъқубҷонзода шунида шуд. Бино ба иттилои ӯ, мутахассиони раёсат 482 санҷиш гузаронида, 1695  қонунвайронкуниро ошкор намудаанд. То кунун 9 миллиону 100 сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохта шудааст. Гарчанд қарздорӣ 116 ҳазор сомонӣ кам гардида бошад ҳам, 6, 5 миллион сомонии он аз музди меҳнат боқӣ мондааст. Қарздорӣ бештар ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Кӯлоб, Бохтар, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Хуросон, Кӯшониён, Ховалинг, Балҷувон, Восеъ ва Данғара рост меояд.

Номбурда, ҳамчунин, илова кард, ки 15 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рӯй додааст, ки дар натиҷа 8 шаҳрванд вафот карда, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки масъа­лаи пардохти қарзи музди меҳнат ташвишовар ва ҷаримабандӣ, ки ба маблағи 99 ҳазор сомонӣ сурат гирифтааст, ночиз аст. Масъулин вазифадор шуданд, ки дар ин самт чораю тадбирҳои муҳим роҳандозӣ намоянд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»