Хатлон. Ба компютерҳо «умри дубора» мебахшанд

№80 (4030) 04.07.2019

IMG_20190521_103228Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 22 ҳазору 149 компютер мавҷуд буда, аз он 3 ҳазору 700 – тоаш таъмирталаб мебошад.

Директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят Акмал Нурализода гуфт, ки теъдоди компютерҳои таъмирталаб дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Восеъ, Ҷайҳун ва Кӯшониён бештар буда, то кунун 806 адад таъмир шуд. Бино  ба гуфти ӯ,  то охири сол бояд боз 2 ҳазор компютер  таъмир шавад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»