Хатлон. Фаъолият накардани 188 корхона боиси бекор мондани 6 ҳазор нафар шуд

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

11-уми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру навоҳӣ ва ташкилотҳои вилоят ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар 5 моҳи соли равон баргузор гардид.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло қайд кард, ки амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат моро аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аг­рарии пешрафта табдил медиҳад.

- Барои амалишавии он зарур аст, ки ҳиссаи соҳаи саноат дар таъмини Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030-юм 22 фоизро ташкил намояд. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 2 миллиарду 962 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш ба маблағи 362 миллион сомонӣ ва аз нақша 8,2 дарсад зиёд таъмин гардид. Дар соҳаи саноати вилоят 16 ҳазор шаҳрванд кору фаъолият менамоянд, ки ин нишондод 1,8 фоизи қувваи кориро ташкил медиҳад, — афзуд ӯ.

Бо дахл ба фаъолияти корхонаҳо Хайрулло Амонулло гуфт, ки аз 512 корхона дар 5 моҳи соли ҷорӣ 188 корхона кор накарда, 6 ҳазор коргар бекор монданд. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39 корхона, Данғара — 14, Кӯшониён, Ёвон, Қубодиён — 10, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Левакант ва Дӯстӣ 8 корхона аз фаъолият мондаанд. Дар ноҳияи Вахш — 92, Дӯстӣ — 83, Ҷалолиддини Балхӣ — 85, Ҷайҳун — 86 ва Шаҳритус 56 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам карданд.

Бисту як корхона ва 47 коргоҳи дӯзандагӣ нақшаи истеҳсолиро, дар маҷмӯъ, 10 фоиз иҷро карда, корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ ва Фархор солҳои тӯлонӣ фаъолият надоранд. Дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят корхонаҳои коркарди меваю сабзавот то ҳол сохта нашудаанд. Аз 17 корхона ва коргоҳҳои равғанбарории шаҳру ноҳияҳо 6 адади он, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Панҷ доир ба фаъолияти панҷмоҳа умуман ҳисобот пешниҳод накардаанд.

Дар вилоят ду корхонаи макаронбарорӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб фаъолият доранд, ки ин кам аст. Ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Кӯшониён, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи иҷтимоии базиммадоштаро иҷро накарданд. Ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ба ҷойи кам кардани бақияпулии андоз, онро зиёд кардаанд.

- Аз 945 пули дар 22 шаҳру ноҳияи вилоят мавҷуда 43-тои онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, — гуфт Хайрулло Амонулло.

Дар назди бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Восеъ ва Шаҳритус бетартиб гузоштану тамбашавии воситаҳои нақлиёт мушоҳида мешавад. Соли равон 2075 падару модар бинобар риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қонеъкунанда нест.

Муовини якуми раиси вилоят илова намуд, ки аз 6556 иншооти ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъморшаванда 1891 ё ин ки 28,9 фоизи онҳо бунёд шудаанд.

Аз рӯи масъалаи дуюм муовини раиси вилоят Умед Зоирзода баромад намуда, зикр кард, ки аз 2-юми май то 4-уми июни соли ҷорӣ дар бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки намояндагони Хатлон низ дар он иштирок намуданд. Мутаассифона, ба ҷои 839 тонна танҳо 439 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста аз чораҳои андешида, дар шаҳру ноҳияҳо камбудиву норасоиҳо дида мешавад, ки иҷрои онҳо аз ­масъулон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад. Масалан, дар ноҳияи Восеъ корхонаҳои саноатӣ фаъолияти назаррас надошта, 13 корхона дар панҷ моҳи соли равон аз фаъолият мондааст. Дар ноҳияи Вахш ягон корхонаи истеҳсолӣ таъсис наёфтааст. Маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 миллион сомонӣ кам истеҳсол шудааст. Аз 91 корманди соҳаи фарҳанги ноҳия 5 нафар маълумотӣ олӣ дошта, аз рӯи ихтисос кор мекунанд.

Раисони шаҳрҳои Бохтару Норак дар мавриди даст задани ноболиғон ба ҷиноят, фаъолияти пурсамар надош­тани корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содиршавии ҷиноят аз ҳисоби занон, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва хубтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҳисобот доданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда васеътар истифода барем.

Дар фарҷом Қурбон Ҳакимзода масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва дигар шахсони масъулро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муваззаф карда, афзуд, ки бояд 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»