Хатлон. Гирандагони медали тилло бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд

№105 (4055) 31.08.2019

23 августи соли равон дар шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон доир гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар он ширкат варзида, қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ 21 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, 10 муассисаи таълимӣ бо 135 синфхона барои 3 ҳазору 233 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ боз 59 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 279 синфхона бо 6 ҳазору 696 ҷойи нишаст дар як баст, ба истифода дода мешавад.

Айни ҳол дар соҳаи маорифи вилоят 43 ҳазору 888 омӯзгор ба таълиму тарбияи 729 ҳазору 61 хонанда машғуланд.

Толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори 255 медал (51 тилло, 59 нуқра ва 145 биринҷӣ) гардиданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 72 адад зиёд мебошад.

Дар баробари дастовардҳо Қурбон Ҳакимзода ба камбудиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда гуфт, ки то кунун дар 39 муассисаи таълимии вилоят хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд.

Ҳарчанд солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии вилоят бо лавозимоти таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Дар муассисаҳои томактабӣ асбобҳои айёнии таълимӣ фарсуда шудаанд ё тамоман вуҷуд надоранд. Муассисаҳои томактабӣ ба мизу курсӣ, кати хоб, ҷевон барои либос ва бозичаҳо эҳтиёҷ доранд. Маблағи аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ҷудошуда нокифоя аст. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 10 фоизро дар бар мегирад. Нокифоягии теъдоди муассисаҳои томактабӣ, нарасидани мутахассисон, кам будани дастурҳои методӣ сабаби рушди низоми тарбияи томактабӣ гардидаанд.

Раиси вилоят аз кам ҷудо шудани маблағ барои таъмини ғизои муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон супориш дод, ки дар вақти таҳияи буҷет ин масъаларо ба назар бигиранд.

Номбурда, ҳамчунин доир ба такмили ихтисоси омӯзгорон, дар сатҳи лозима омода набудани муассисаҳо ба фаслҳои тирамоҳу зимистон, норасоии кадрҳо, содиршавии ҷиноят дар миёни ноболиғон ва дар як вазифа солҳои зиёд кор кардани роҳбарони соҳа изҳори назар намуда, ба масъулин барои бартараф кардани норасоиҳо дастуру супориш дод.

Дар фарҷом раиси вилоят ба чанде аз кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди маориф ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба се хатмкарда — Рамзия Саъдуллоева, Аниса Сатторзода ва Фурқат Давлатмуродзода, ки мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карданд, 10 ҳазор сомонигӣ тақдим кард. Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода ваъда дод, ки соли оянда барои соҳибони медалҳои нуқра 7 ҳазор сомонӣ ва барои медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ хоҳад шуд. Ғайр аз ин, ба омӯзгороне, ки ба кори илмӣ машғуланд, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 5 ҳазор ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»