Хатлон. изҳори нигаронӣ аз оиладор набудани мудирони САҲШ

№81 (4031) 06.07.2019

Ҳафтаи равон Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид.

DSC_0722Дар он аз рӯи масъалаи якум — иҷрои «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон», муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар зикр намуд, ки барнома дар заминаи «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми декабри соли 2015 тасдиқ шудааст. Дар солҳои 2016 — 2019 барои иҷрои он 308 ҳазору 700 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, соли 2016 аз 77 ҳазор сомонии муайянгардида 32 ҳазору 500 сомонӣ, соли 2017 аз 83 ҳазору 500 сомонӣ 43 ҳазору 840 сомонӣ, соли 2018 аз 87 ҳазору 700 сомонӣ 48 ҳазору 200 сомонӣ ва дар панҷ моҳи соли равон аз 60 ҳазору 500 сомонӣ 26 ҳазору 138 сомонӣ ҷудо шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Кӯшониён, Темурмалик, Дӯстӣ, Панҷ, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Ҷайҳун ва Хуросон барнома умуман маблағгузорӣ нашудааст.

Тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд соли 2017-ум 4595 волидайн 558 ҳазору 461 сомонӣ, соли 2018-ум 4126 нафар 453 ҳазору 995 сомонӣ ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ, 1626 волидайн 196 ҳазору 301 сомонӣ ҷарима шудаанд.

DSC_0718Бино ба иттилои Махфират Хидирзода, дар вилоят 750 ятими кулл ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 229 нафар ба васоят, 351 кас ба парасторӣ, 150 нафар ба фарзандхондӣ қабул шуда, 79 нафар дар интернатҳо ба сар мебаранд.

Дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ 70 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Фавти модару кӯдак аз соли 2016 то панҷ моҳи аввали соли 2019 ба 48 ҳолат баробар шудааст.

- Аз соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритуз, Восеъ, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин 24 духтари ноболиғ ба шавҳар дода шуда, дар панҷ моҳи соли равон 1106 оила ақди никоҳро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин шумора дар 788 ҳолат ҷудошавии оилаҳо то синни 35 мебошад, — афзуд Махфират Хидирзода.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо далелҳои мушаххас оид ба пешгирии худкушию худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳо, аз меҳру шафқати падару модарон дур мондани кӯдакони ноболиғ андешаронӣ намуда, ба масъулин баҳри ислоҳи вазъ дастуру супориш дод. Ӯ, инчунин қайд намуд, ки аксарият мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд. Моҳиятан бояд дар ин вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кардаанд.

Сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбоншо Ҳакимов оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 69 шахси масъул барои нодуруст ва сари вақт пешниҳод накардани маълумоти оморӣ 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки номгузории кӯчаю маҳаллаҳо дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят ба охир нарасидааст. Зина ба зина бояд ҳама ҳисоботи оморӣ ба таври электронӣ омода карда шавад.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз кам ҷаримабандӣ шудани шахсони масъул оид ба сари вақт пешниҳод накардани омор изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки аз ду ҳазор иншооте, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, 268 адади он то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ин, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш дод, ки нисбат ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Дар иҷлосия, ҳамчунин, нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз ва шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»