Хатлон. Муроҷиати наврасону кӯдакон ба марказҳои стоматологӣ зиёд аст, аммо…

№50 (4000) 04.05.2019

IMG_20190417_153732Иҷоранишинӣ, мавҷуд набудани катҳои алоҳидаи бахши ҷарроҳии ҷоғу рӯй барои кӯдакон аз мушкилоти Маркази давлатии стоматологии вилояти Хатлон аст.

Дар вилоят, ки анқариб 3,3 миллион нафар аҳолӣ дорад, ба 10 ҳазор нафар як духтури стоматолог рост меояд, ки ин нишондод нисбат ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ 70 дарсад кам мебошад.

Аз суҳбат бо директори Маркази давлатии стоматологии вилоят Зафар Назаров маълум гардид, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ марказ дорои ду бино, аз ҷумла бинои шуъбаи кӯдакона аз 15 ҳуҷраи корӣ иборат будааст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ биноро фурӯхтанд ва ҳоло марказ иҷорашин аст ва танҳо барои ин ҳар моҳ 3 ҳазору 500 сомонӣ пардохт мекунад.

- Борҳо ба роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат кардем. Ваъда доданд, ки ояндаи наздик масъала ҳалли худро меёбад, — гуфт З. Назаров.

Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Сайдулло Маллазода гуфт, ки дар ҳақиқат бинои Маркази давлатии стоматологии вилоят фурӯхта шудааст.

- Баъди ба анҷом расидани сохтмони Маркази перенаталӣ дар Беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидов қисме аз марказҳои вилоятии тандурустӣ ба он ҷо кӯчонида мешаванд. Кӯшиш менамоем дар яке аз биноҳои холишуда Маркази стоматологиро ҷойгир кунем, — изҳор намуд ӯ.

Бино ба иттилои Зафар Назаров, дар муассисаҳои давлатии стоматологии вилоят зиёда аз 322 стоматолог фаъолият менамоянд, ки 32 нафарашон табибони тахассуси стоматологияи кӯдакон ва наврасон мебошанд.

- Пештар дар муассисаҳои таълимӣ ҳуҷраҳои стоматологӣ фаъолият мекарданд, ки бештар наврасонро табобат менамуданд. Мутаассифона, айни замон дар ду — се муассиса ин ҳуҷраҳо боқӣ мондаанду халос.

Мувофиқи ҳисоботи семоҳа, марказҳои стоматологӣ ва шуъбаҳо 12 ҳазору 686 бемор қабул кардаанд, ки 38 фоизаш кӯдакону наврасон мебошанд. Ин рақам гувоҳӣ аз он медиҳад, ки муроҷиати наврасону кӯдакон ба марказҳои стоматологӣ зиёд аст.

Зафар Назаров ба он назар аст, ки алҳол ба таъсиси маркази калону замонавии стоматологӣ зарурат пеш омадааст. Дар он бояд шуъбаи калони стоматологии кӯдакона бошад, ки ҳадди ақал 15 мутахассис фаъолият кунад.

Шояд Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба хотири кӯдакону наврасон, ки 45 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, сари ин масъала андеша кунанд.

 Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»