Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

«Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?»

№139 (4089) 19.11.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ­ноҳияи Хуросон мақолаи танқидии «Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?»- ро, ки дар нашрияи «Садои мардум» аз 20 июни соли 2019, №71 чоп гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати таъмини қисми даромади буҷет ва иҷрои сифатнокии ҳама намуди андоз ва андози иҷтимоӣ аз тарафи Нозироти андози ноҳия пайваста чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2019 иҷрои нақшаи андоз, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 101,1 фоиз иҷро гардид ва ба ҷойи 13557,6 ҳазор сомонии нақша 13677,8 ҳазор сомонӣ, яъне 120,2 ҳазор сомонӣ бештар маблағ ҷамъоварӣ шуд.

Кормандони Нозироти андози ноҳия супориш гириф­танд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои қисми даромади буҷет тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Р. САФАРЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон