Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?

№71 (4021) 20.06.2019

Яке аз сабабҳои иҷро нашудани нақшаи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо оид ба буҷет дуруст ба нақша нагирифтани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Тавре аз Сарраёсати молияи вилоят иттилоъ доданд, ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки баъзе намуди андоз иҷро намешавад, аммо нишондиҳандаи иҷрои баъзе намуди андоз аз 200 фоиз ҳам боло меравад.

Аз таҳлилҳои  молиявӣ бармеояд, ки тӯли чор моҳи соли 2019-ум шаҳру навоҳии Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон нақшаро иҷро карда натавонистанду, аз ин ҳисоб 2,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.

Тавре сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода иброз дошт, нақшаи ду намуди андоз — андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ ва андоз аз  системаи содакардашуда ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таъмин нагардид.

- Таҳлилҳо нишон дод, ки шаҳру ноҳияҳои Норак, Кушониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Муъминобод иҷрои як намуди андоз, Левакант, Вахш, Қубодиён, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, ва Ховалинг ду намуди андоз, Хуросон, Шаҳритуз, Фархор, Темурмалик ва Шамсиддин Шоҳин се намуди андоз, Бохтар, Ҷайҳун, Восеъ, Ёвон чор намуди андоз ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ панҷ намуди андозро таъмин карда натавонистанд, — афзуд ӯ.

Перомуни масъала прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода иброз намуд, ки рушди босуботи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар аз пардохти андоз вобаста аст. — Яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура назорати таъмини иҷрои нақшаи андоз аст. Соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Прокуратураи вилоят дар ин самт 495 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, 234 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, — илова намуд ӯ.

Собиқадори соҳаи молия Холмурод Одинаев бар он назар аст, ки бо вуҷуди ҳар сол зиёд шудани ҳаҷми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, банақшагирии онҳо бидуни таҳлили дақиқи имкониятҳои воқеӣ амалӣ мешавад. Баҳри рафъи камбудиҳо ҳамоҳангии мақомоти молия, андоз ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бино ба гуфти сардори Сарраёсати молияи вилоят, дар чор моҳи соли ҷорӣ хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои буҷети маҳаллӣ  зиёда аз 530,2 миллион сомонӣ муайян гардид, ки ин ба 97 фоизи нақша баробар аст. Аммо истифодаи мақсадноки он роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати молияи вилоятро қонеъ намегардонад.

Иттилоъ гирифтем, ки дар дастгоҳи сарраёсат ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, Левакант, Бохтар, Кушониён, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритуз, Панҷ, Носири Хусрав, Балҷувон, Фархор, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҷойивазкунии кормандон гузаронида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоя­гузорӣ ва бонкҳо, ки 10-уми майи соли равон баргузор гардида буд, таъкид намуда буданд, ки «Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо бояд дар самти тат­биқи самаранокии ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти таъмини самаранокӣ, мақсаднокӣ, шаффофият ва назорат чораҳои зарурӣ андешида, дар самти касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ чораандешӣ намояд».

Бинобар ин, вакилони маҷлиси вакилони халқ ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро мебояд, ки дар татбиқи супориши Сардори давлат беш аз пеш фаъол бошанд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»