Хатлон. Панҷсад ятим ҳар моҳ сад долларӣ кумак хоҳанд гирифт

№19 (4125) 11.02.2020

DSC_5354Чоруми феврали соли равон миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази фаъолияти башардӯстонаи Малик Салмон Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши сарпарастии ятимон имзо гардид. Тавре кордори Сафорати Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Собир иброз дош­т, лоиҳаи мазкур 12 моҳро дар бар мегирад ва ҳаҷми кумаки пешниҳодшуда 719000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

- То ин дам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази  фаъолиятҳои башардӯстонаи Малик Салмон лоиҳаҳо бо маблағи 11 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шудаанд, боқимонда дар  марҳилаи татбиқ қарор доранд, — гуфт Абдуллоҳ Собир.

Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён иброз намуд, ки кумаки мазкур барои 500 ятими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона хоҳад шуд. Пешбинӣ гардидааст, ки дар давоми як сол ба ин ятимон ҳар моҳ аз тариқи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муодили 100 доллари амрикоӣ (970 сомонӣ) дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ бо дастгирии Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба оилаҳои ниёзманду ятимон маҳсулоти хӯрокворӣ низ тақсим менамояд.

Тибқи маълумоти СММ, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷиҳати ҳаҷми кумакҳои башардӯстона дар миёни  кишварҳои арабӣ ҷои якум ва миёни кишварҳои ҷаҳон ҷои панҷумро ишғол мекунад. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаи Арабис­тони Саудӣ  ба кишварҳои ҷаҳон 3 миллиарду 730 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар баробари Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи Малик Салмон, Бунёди Рушди Саудӣ низ  бо кишвари мо ҳамкорӣ дорад. Ҳаҷми қарзҳои имтиёзноки ба Тоҷикистон пешниҳоднамудаи ин ниҳод ба 170 миллион доллар баробар аст.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ