Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон. Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст»

№91 (4041) 27.07.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон матлаби хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Сулаймон Султонов «Хатлон. Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст» (№72 (4022) аз 22 июни соли 2019)-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади хизмат­расонӣ барои сайёҳон алҳол дар ноҳия 5 меҳмонхона — «Ёвон», «Наврӯз», «Сабрина», «Меҳровар», «Манучеҳр»,  6 тарабхона — «Ёвон», «Кӯшон», «Дунё», «Осиё», «Умар», «Ориён», осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхона, 8 зиёратгоҳ, 27 нуқтаи хизмат­расонии бонкӣ 28 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 2 нуқтаи  фурӯши армуғонҳо, инчунин растаҳои ҳунармандӣ (дар бозорҳои ноҳия) фаъолият мекунанд.

Ҷиҳати бунёди иншооти хизматрасонии дорои ташноб, ҷойи дастшӯйӣ, истироҳат, ҳаммоми хурд, хӯрокҳои тезтайёр истироҳат ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт дар шафати шоҳроҳҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо ин мақсад дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе (деҳоти «Даҳана») чойхонаи миллӣ, ҳаммоми замонавӣ, кошонаи ҳусн ва сартарошхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

Илова бар ин,  дар ноҳия маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис ва харита, нишонаҳои сарироҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҷиҳати муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ноҳия дар сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия www.yovon.tj мунтазам мақолаҳо нашр мешавад.

Минбаъд низ ҷиҳати иҷрои  саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 марти соли 2019, № АП-1176 ва рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми тадбир андешида мешавад.

Саидзода Гулрухсор Грез, муовини раиси ноҳияи Ёвон