Ба «садои мардум» ҷавоб омад

Хатлон. «Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст»

№95 (4045) 06.08.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  мақолаи Сулаймон Султонов «Хатлон, Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст» — ро, ки дар  рӯзномаи «Садои мардум» № 72 аз 22 июни соли 2019 нашр шудааст, бо иштироки масъулин мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар мақола дуруст қайд шудааст, ки набудани инфрасохтори  зарурӣ боиси коҳиши рушди  соҳаи сайёҳӣ гардидааст.

Хушбахтона, тайи 2 соли охир дар самти рушди соҳа корҳои зиёд ба анҷом расиданд, ки набояд  онҳоро нодида гирифт. Бояд қайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ соҳаи даромаднок аст ва бояд заминаҳои ба рушди  соҳа мусоидаткунандаро дарёфт карда, мутахассисони соҳибкасбро омода намоем.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шаш моҳи  соли ҷорӣ  49 сайёҳи хориҷӣ ва 4532 сайёҳи дохилӣ ба ноҳия омаданд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 90 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, меҳмонхонаву ҳаммом, сартарошхона, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра сохта мешаванд, ки дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ нақши бориз хоҳанд гузошт.

Бояд қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Левакант талош дорад бо истифода аз табиати зебову дилкаш ва хушбоду ҳавои мавзеи Зағиртути деҳоти «Ваҳдат» ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷиро ба шаҳр бештар намояд.

З. Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Левакант