Аз фаъолияти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Хатлон. Зиёда аз 4 ҳазор иншоот то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешавад

№119 (3913) 02.10.2018

29 сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо, аз қабили «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2012-2020», «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», «Ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақша — чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба масъалаи аввали рӯзнома муовини якуми раиси вилояти Хатлон Сулаймон Зиёзода қайд намуд, ки дар оғози қабули барнома дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 33 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуд. Айни замон теъдоди онҳо ду баробар зиёд гардида, ба 67,5 ҳазор расидааст, ки беш аз 95 фоизашон бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин мебошанд. Кишоварзони вилоят дар ҳама самти хоҷагидорӣ, махсусан, сабзавоткорӣ, бунёди боғҳои нав ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Агар хоҷагидорони ноҳияи Дӯстӣ дар парвариши беҳтарин навъҳои анор, тарбуз ва харбуза пешрав бошанд, заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар парвариши зироатҳои полезӣ ва бунёди боғҳои нав пешсафанд. Хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун бошанд, имсол аз як гектар то сад тонна пиёз истеҳсол ва бозорҳои дохилию беруниро таъмин намуданд. Ҷиҳати рушди боғҳои интенсивӣ ва таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо мева, дар ҳамкорӣ бо олимону боғпарварони соҳа, дар ноҳияҳои Хуросон 137 гектар, Вахш-5, Данғара-74, Муъминобод-2,5, Шамсиддини Шоҳин-1, Ёвон-5, Ховалинг-8 ва шаҳри Кӯлоб-1, дар маҷмӯъ 265 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд.

Номбурда, ҳамчунин, оид ба кишти картошка, помидору бодиринг, маҳсулоти ғалладонагӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, пахта ва дигар паҳлуҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ изҳори андеша намуд.

Аз рӯи ин масъала раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода низ сухан кард.

Вобаста ба масъалаи дуюм муовини раиси вилоят Зоирзода Умедхоҷа қайд намуд, ки баҳри татбиқи барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла, таъмини кирмакпарварон бо тухмӣ, зиёд кардани истеҳсоли пилла ва ташкили корхонаҳои абрешим як қатор корҳо ба сомон расида бошанд ҳам, дар иҷрои бандҳои алоҳидаи барнома, бахусус, зиёд намудани майдони тутзор, афзоиши базаи хӯроки кирмак, азнавтаҷҳизонии бинову иншооти ёрирасон, ба рақобат тобовар кардани маҳсулот ва ғайра ҳанӯз камбудиву норасоии ҷиддӣ хеле зиёданд. Тавассути корхонаҳои соҳа дар 24 шаҳру ноҳияи вилоят 9 ҳазору 163 қуттӣ тухми кирмаки зоти хитойӣ ва ватанӣ ба кирмакпарварон тақсим ва 262 тонна пиллаи навъи омехта истеҳсол шуд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як қуттӣ 29 килограммӣ рост меояд.

Мутахассисон сабабҳои коҳиш­ёбии истеҳсоли пилларо дар сифати пасти тухмии кирмаки ватанӣ ва нисбатан дер ворид шудани кирмакҳои хориҷӣ мебинанд.

Мутобиқ ба масъалаи дигари рӯзнома сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода, зикр намуд, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар соли 2017-ум 304 ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ 110 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар вилояти Хатлон 25 ҳазору 802 соҳибкор бо патент, 6 ҳазору 35 нафар бо шаҳодатнома ва зиёда аз 66 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 712 нафар зиёд шудааст.

Зикр гардид, ки дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 4 ҳазору 374 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода мешавад ва аксари онҳо бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд меёбанд.

Дар охир доир ба масъалаҳои баррасигардида ва ҷорӣ – «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ба танзим даровардани истеҳсол, коркард, фурӯш ва ба ҳисоботи оморӣ пурра дохил намудани маҳсулоти пахтаи ҳосили 2018», «Дар хусуси сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон интихоб намудани Меҳнатулло Сироҷов ва «Оид ба сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб кардани Меъроҷ Ҳасанзода» қарор қабул гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати иҷрои нақша — чорабиниҳои пешбинигардида ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»