Андешаи мутахассис

Хавфи сел ва обхезиро бояд пешгирӣ намоем

№36 (3673) 04.04.2017

DSC_0010Боришоти пай дар пайи зимистони солҳои 2016-2017 сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба як қатор мушкилӣ дучор кард. Бориши зиёди барф ва тармафароӣ, ки моҳҳои январ ва феврал ба вуқӯъ пайваст, роҳҳои Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошимро баст. Танҳо  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, кӯшишҳои роҳсозон ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дорои техникаи барфтозакунӣ буданд, роҳҳо аз барфу тармаи зиёд тоза шуданд. Аз 12 феврал то 20 феврали соли 2017 барфи пай дар пай борид, ки ба фаромадани тармаи зиёд боис шуд. Роҳҳои Бадахшон дар ҳама самт дубора маҳкам шуданд. Баъди чанд рӯзи заҳмати роҳсозон роҳҳои самти Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим кушода шуданд.

Бояд дарк намуд, ки бо фаро расидани фасли тобистон хавфи обхезӣ мавҷуд аст, зеро барф дар ҳавзаҳо аз меъёр зиёд борид. Захираи барфу пиряхҳои хурду калон дар ҳавзаҳо ниҳоят зиёд аст ва дар баландии аз 3000 м боло ғафсии барф аз 2  то 2,5 м буда, бо баланд шудани ҳарорати ҳаво дар фасли баҳор ва тобистон хавфи обхезӣ имкон дорад.

Аз рӯи маълумоти расадхонаи обуҳавосанҷии ВМКБ, то 20 феврали соли 2017 дар шаҳри Хоруғ ғафсии барф 90 см, деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон 1 м 30 см, водии Булункӯл 47 см ва Ҷавшангоз 40 см буд, ки ин нисбат ба солҳои сербарфи 1948-1949, 1968- 1969 ва солҳои 2005-2006 2-3 маротиба зиёд аст.

Бояд қайд кард, ки офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо солҳои охир ба хоҷагии халқи ВМКБ зарари калон овард. Дар натиҷаи селфароӣ деҳаҳои Хидорҷев ва Дашти Роштқалъа хароб шуданд.

Соли 2015 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон сели калон омада, сангу шағал пойдевори кӯпруки мошингарди Душанбе — Хоруғро пур кард ва сабаб гардид, ки сел маҷрои худро дигар карда, ба ду тараф ҷорӣ шавад. Дар натиҷа, чор хонаи истиқоматӣ вайрон шуданд. Қариб 20 гектар замини корам дар зери сангу шағал ва хок монд.

Бояд қайд кард, ки ин кӯпрук солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст. Ҷои гузариши об танг буда, ба ягон меъёри роҳсозӣ ҷавобгӯ нест. Агар кӯпруки кушоду баланд мебуд, сел бо маҷрои худ рафта, ба деҳа ягон зарар намерасонид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва роҳсозон бояд аз ҳодисаҳои соли 2014 хулосаи даркорӣ бароварда, барои азнавсозии кӯпруки Баррӯшон чораҷӯйӣ кунанд. Зеро бо кушода шудани шоҳроҳи Кӯлоб — Бадахшон — Кулма мошинҳои калони пуриқтидор аз болояш мегузарад. Вале кӯпрук ба гузаштани мошинҳои калони боркаш ва селу лойқа тобовар нест.

Соли 2015 аз дараи Барсеми ноҳияи Шуғнон сели ваҳмангез омад. Чунин офати табиӣ дар даҳсолаи охир мушоҳида нашудааст. Хушбахтона, сел рӯзона омад ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Лекин ба хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Барсем зарари ҷиддӣ расонид.

Лозим аст, ки ташкилот, муассиса ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бартараф кардани хафви обхезӣ фаъол бошанд. Аксари деҳаҳои ВМКБ қад-қади соҳили дарёҳои пуртӯғён ҷойгиранд ва хавфи обхезӣ, селфароиву шусташавии замин ҳар лаҳза онҳоро таҳдид мекунад. Чун мутахассис ва собиқадори соҳаи  мелиоратсия ин мавзеъҳоро номбар карда, пешниҳодотамро ироа менамоям:

Инҳо: рӯдхонаҳои Ҳисор, Вранг, дараи Зерв (Намадгути Поён), Бағушдара, Шитхарв, заминҳои Лангару Ҳисор, Мулвоҷ, Тумғоз ва Яхшивол дар ноҳияи Ишкошим.

Дар ноҳияи Шуғнон — Патхӯрдара (Чапдара), Вашездара, Штамдара, Ривакдара (кӯли Ривак), Бунидара, Сохчарвдара, Шорипдара, Боғевдара.

Дар шаҳри Хоруғ хавф нисбатан камтар ба назар мерасад. Танҳо Хуфакдара ва заминҳои Теми лаби дарёи Панҷ аз ин раванд осебпазиранд.

Дар ноҳияи Роштқалъа Биҷондара, Даштдара, Дурункӯл, Зардивкӯл (Ашамкӯл), Оикул, Бодомдараро метавон ном гирифт.

Дар ноҳияи Рӯшон Баҷувдара, Бағудара, Хуфдара, даштҳои Ахзев, Вамар ва Тагобҷангали Шарқӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Поимазор, Техарвдара, Ғумоякдара, Рохарвдара, Даштакдара, Мотравндара, Бунай ва Сурхсангови лаби дарёи Ванҷ низ аз офати табиӣ эмин нестанд.

Рӯдхонаҳои Обиравнов, Зиғар, Хостав, Зинг ва боз чанди дигар, дара ва дарёҳоро дар ноҳияи Дарвоз номбар кардан мумкин аст, ки дар баландии аз 3500-4000 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранду кӯлҳои калону майда доранд, ки сабаби селфароӣ шуда метавонанд.

Аз ин рӯ, лозим аст, ки барои пешгирии обхезӣ роҳсозон, раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ техникаҳои заминкану борбардор ва одамонро ҳар чӣ бештар ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани рӯдхонаҳо сафарбар намоянд. Истгоҳҳои гидрометеорологӣ ва обуҳавосанҷӣ, ки солҳои пеш дар баландкӯҳҳои Помир кор мекарданд, алҳол аз кор мондаанд. Биноан, лозим аст, ки онҳо ба кор дароянд ва аз пештара фаъолтар бошанд.

Имрӯзҳо аз расадхонаи обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ оид ба тағйирёбии обу ҳаво маълумоти аниқ гирифтан ғайриимкон аст. Он солҳои 50-уми асри ХХ сохта шуда, танҳо аз ду утоқи корӣ, ки масоҳаташон 9-12 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат буда, барои мутахассисони соҳа кор кардан бисёр мушкил аст. Расадхона бояд бо асбобҳои обуҳавосанҷӣ ва техникаи ҳозиразамон таҷҳизонда, шароити муътадили кори кормандон муҳайё бошад. Ба ин васила пешгирии офатҳои табиӣ тавсеа ёфта, ҳаёти садҳо нафар ҳифз ва иншооти зиёд аз харобӣ эмин мемонанд.

Қурбон ШАРИфОВ,

собиқ сардори

Раёсати хоҷагии оби ВМКБ