Хитой дар пешорӯи эпидемия ғояи ҷомеаи сарнавишти ягонаро дастгирӣ намуд

№40 (4146) 02.04.2020

КоронаБино ба иттилои сомонаи «China xatvs.com», директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Тед­рос Аданом Гебреисус зимни нишасти матбуотӣ дар Женева эълом доштааст, ки бемории нави коронавирусро метавон ҳамчун пандемия сифат намуд, зеро дар гузашта ҳеҷ гоҳ бо пандемия дучор нашуда будем, ки коронавирус боис ба он гашта, идорашаванда бошад.

 Инчунин, Гебреисус даъват ба амал овардааст, ки мамлакатҳо барои пешгирии паҳншавии эпидемия тадбирҳои фавқулода ва бетаъхир андешанд. Изҳороти ӯ моҳиятан барои ҷомеаи башарӣ ҳушдор аст.

Тавре қайд гардидааст, дар пешорӯи эпидемияи нави коронавирус, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, Хитой бо суръат, ҳаҷм ва самаранокии камназир тадбирҳои қотеъона андешид. Ва истифодаи усули чинии пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бо эпидемия ҳамчун таҷрибаи пешқадам мамлакатҳои ҷаҳонро барои зафар ёфтан бо беморӣ кумак мерасонад.

Усули хитоӣ суръати паҳншавии бемориро коҳиш дод. Зеро Ҳукумати Хитой неруи миллиро сафарбар намуда, дар пешгирии паҳншавии вирус марҳила ба марҳила муваффақият ба даст овард ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зидахл имконият фароҳам овард. Дар алоқамандӣ ба ин ҳолат, сарвари ТУТ қайд намудааст, ки тавре авҷи коронавирус дар Хитой коҳиш ёфт, ҷомеаи башарӣ низ бояд он таҷрибаро, дар мубориза бо вирус самаранок истифода намоянд.

Авҷи паҳншавии беморӣ ба давраи ҳаракати зиёди нақлиёт дар роҳи оҳан, шоҳроҳҳо ва секторҳои дигар, инчунин, рӯзҳои баргузории Фестивали баҳорӣ  рост омад ва Хитой тавонист бо роҳи ташкили сафарҳои иловагӣ, зиёд намудани воситаҳои нақлиёт, пурзӯр намудани тадбирҳои тамизӣ (дезинфексионӣ), ифтитоҳи хати махсуси нақлиётии «нуқта ба нуқта», пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии беморӣ комёб гардида, оид ба чӣ тавр роҳандозӣ намудани кори нақлиёт ва зери назорат доштани он таҷрибаи хуберо ба ҷаҳониён пешкаш намояд.

Дар мусоҳибаи дигар сармушовири директори генералии ТУТ Брюс Айлворд зикр кардааст, ки тадбирҳои роҳандозинамудаи Хитой дар самти пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия барои тамоми ҷаҳон стандартҳои нав муқаррар менамояд ва кишвареро, ки  аз ин таҷриба бархӯрдор аст, зарур нест, корро аз сифр оғоз намояд.

Бо паҳншавии эпидемия кишварҳои зиёд дар мубориза бо он ба муваффақият ноил гардиданд. Аммо, Хитой дар дохили мамлакат чораҳои пешгирӣ ва назоратро беҳтар намуда, ба ТУТ кумак расонид, ба кишварҳои Италия, Эрон, Ироқ ва Покистон мутахассис фиристода, дар мубориза бо эпидемия ёрӣ расонида истодааст.

Тавре профессори кафедраи сиёсати берунӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Донгуки Кореяи Ҷанубӣ  Ким Чен Хо  изҳор намудааст, Хитой дар пешорӯи эпидемия ғояи ҷомеаи сарнавишти ягонаро дастгирӣ намуда,  на танҳо барои ҳаёт ва солимии халқи мамлакаташ масъул аст, балки барои солимии мардуми ҷаҳон ва бехатарии глобалӣ дар самти тандурустии ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ дод ва медиҳад. Инчунин, барои саҳми гузошта дар пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия эҳтироми давлатҳои ҷаҳонро соҳиб гашт.

Коронавирус ҳамчун вазъи фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, бори  дигар аҳли оламро ҳушдор дод, ки тақдиру сарнавишти миллату халқиятҳо ба ҳам пайваста аст ва ба вуҷуд овардани ҷомеаи сарнавишти ягона на танҳо майл кардан ба сӯи арзишҳои волост, балки зарурати воқеӣ низ мебошад. Агар мардуми кишварҳо бо эътимоди қавӣ ва зиракӣ муттаҳид гарданд, метавон дар ояндаи наздик ба эпидемия ғалабаи комил ба даст овард.

«Садои мардум»

АЗ ИДОРА. Вақте мақола ба чоп омода мегардид, иттилоъ гирифтем, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой барои пешгирӣ аз коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кумак ирсол намуд. Бино ба хабари расида, он аз 1000 либоси махсуси муҳофизатӣ, 500 адад ҳароратсанҷ, 1000 ададӣ айнак ва дастпӯши тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда иборат аст.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Ҳукумати Хитой кумаки зикршударо 30 — юми марти соли равон дар гузаргоҳи марзии Қарасу ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 2-юми апрели соли равон то ягон ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳукумати кишвар ба хотири роҳ наёфтани ин бемории даҳшатовар,  аз  ҳар гуна роҳу воситаҳои пешгирикунанда самаранок истифода мебарад.

Тибқи иттилои mail.ru то 2 апрели соли ҷорӣ ба маризии коронавирус, ки онро Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ 11-уми март пандемия эълон кард, дар ҷаҳон дасти кам 874081 нафар мубтало гардиданд ва 43291 нафари онҳо ба ҳалокат расида, беш аз 185194 кас шифо ёфтанд.