Хизмати хирсонаи хурофотзадаҳо

№139 (4245) 13.11.2020

Воқеоти чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани ислом ба Аврупо кӯч бастааст. Сабаб он аст, ки террористону экстремистон, аз ҷумла, саркарда ва думравони ташкилоти террористии наҳзатиро, ки аз кишварҳояшон «дум хода» кардаанд, Аврупо бо оғӯши боз пешвоз гирифт.

Чунин муносибати духӯра аллакай «самар» овард. Қатли омӯзгори фанни таърих Самуэл Пати 16-уми октябр дар Фаронса аз дасти тундрави исломӣ идомаи мантиқии ин раванд аст.

Тавре мақомот гуфтанд, ин корро ҷавони 18-сола анҷом додааст, ки дар паи таъқиби полис ба қатл расидааст. Куштори омӯзгор мавриди эътирози бисёре аз сокинони Фаронса ва маҳкумияти Президент Эммануэл Макрону раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби мусалмонҳо дар Аврупо торафт зиёд шуда, пайомади ногувор ба бор оварда истодааст. Пештар дар Канада, бо ҷурми он ки кишвар дар амалиёти зидди Давлати исломии Ироқу Шом иштирок дорад, аз ҷониби ифротие амали террористӣ сурат гирифт.

Сипас, дар шаҳри Сидней мусалмони эронитабор 30 нафарро гаравгон гирифта, боис ба ҳалокати шахсони бегуноҳ гашта, худ низ кушта шуд. Куштори Самуэл Пати фаронсавиҳоро ба ёди ҳамлаи панҷ сол пеш ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» бурд, ки карикатураҳои Муҳаммад пайғамбарро нашр карда буд.

Ёдовар мешавем, ки зуҳри 7 январи соли равон як гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари кории маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» (Charlie Hebdo) дар шаҳри Париж ҳамла кард, ки дар пайи он 10 журналист, аз ҷумла, Стефан Шарбоне — сармуҳаррири маҷалла ва Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса, инчунин, ду корманди пулис ба ҳалокат расид.

Ҳама гуна беҳурматӣ нисбат ба муқаддасоти дини пок, аз ҷумла, нашри тасвирҳои танзомези ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шадидан маҳкум менамоем ва истифодаи воситаҳои ахбори оммаро бо чунин мақсад қабул надорем. Вале амале, ки террористони «исломгаро» дар дили Аврупо анҷом доданд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад посухи сазовор ба амали зикршуда бошад. Яъне, амали чунин ба ном мусалмонони «асил», ки зери ниқоби дини мубини ислом содир намуданд, барои мусалмонони олам «хизмати хирсона» аст.

Ин амал мавҷи ҳамоишҳои зидди мусалмононро дар кишварҳои Аврупо ба бор овард. Ҳатто бархе аз журналистону сиёсатмадорони Франсия пешниҳод намуданд, ки мусалмонони дар ин кишвар иқоматдошта фавран ихроҷ (депорт) карда шаванд.

Ин пешниҳод саривақтӣ аст ва дар нав­бати аввал, бояд нисбат ба террористон, аз ҷумла, аъзои ташкилоти террористии наҳзат, истифода шавад.

Ҷасур МИРЗОЗОДА,

коршиноси Маркази иттилоотӣ -таҳлилии «Аҷам»