Даъвати ҳарбӣ - 2020

Ховалинг. Гусели ҷавонон ба хизмати Ватан

№ 07.10.2020

2 октябри соли 2020 дар маркази ноҳияи Ховалинг гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ширкат варзиданд.

- Дар рӯзи аввали даъват 52 ҷавон таҳти шиори «Мо пайравони Пешвои миллатем» аз Комиссариати ҳарбӣ бо як ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ қадамзанон ба Маркази ҷавонони ноҳия омаданд. Дар ин ҷо баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия консерти идона барпо ва ба ҳар кадом аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарулибос, пойафзол, кулоҳ тақдим гардид. Сипас, ба 40 нафар, ки курси семоҳаи ронандагиро ба итмом расонида буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд, — гуфт мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Дилшод Шеров.

Зикр гардид, ки дар рӯзи аввали даъват ноҳияи Ховалинг нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 95 фоиз иҷро намуд.

Дар охир, ҷавонон бо дуои падару модарон ба хизмати Ватан раҳсипор гардиданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»