Ховалинг. Натоиҷи назаррас аз истифодаи дастуру ҳидоятҳои созанда ба амал омадаанд

№121 (4071) 10.10.2019

РАИСИ ХОВАЛИНГМардуми қавииродаю сарбаланди ноҳияи Ховалинг аз дастуру ҳидоятҳои созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва «Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ 2019 — 2021», ки ҳадафи он ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти мамлакат, дар навбати аввал навоҳии дурдасти кӯҳистон мебошад, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва азми қавӣ заҳмат кашида истодаанд.

Дар заминаи файзу баракат аз сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия, ба пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба рушди сайёҳӣ, робита ба бозори истеъмолӣ, содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин васила таъсиси ҷойҳои нави кор вусъати тоза бахшида шудааст.

Ховалинг аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки солҳои барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ дар минтақаи ҷануби кишвар арзи ҳастӣ намудааст. Аммо танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои хоҷагии халқи он рушд ёфтанд. Дар ин давра деҳаҳо пайи ҳам тағйир ёфта, дар аксари онҳо биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтанд. Маркази он солҳои охир пурра симояшро тағйир дода, торафт ба шаҳри ҳақиқӣ мубаддал мегардад. Ин буд, ки бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июли соли 2019 деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияро ба категорияи шаҳрак мансуб донист.

Ба талаботи муосир сохта, мумфарш намудани шоҳроҳи Душанбе — Данғара — Балҷувон — Ховалинг аз ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки масофаи роҳро ба ноҳия қариб 80 километр кӯтоҳ намуд. Инчунин, сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тезонидани корҳои ободонӣ дар ноҳия такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамин аст, ки сокинон бо миннатдорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат шукронаи тинҷиву амонӣ, шукронаи ватани озоду обод ва шукронаи Пешвои заҳматкашу башардӯстро менамоянд. Ободии диёр, файзу баракат ва бахту саодатро ба пою қадами мубораки Пешвои миллат медоданд.

Баҳри истиқболи арзандаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншооти ҷашнӣ рафти иҷрои корҳо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Сокинон бо маблағгузории соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол гирифтани ҷашни барои миллату давлат муқаддас, дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ самаранок заҳмат кашида, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Иҷрои нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 14,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 21,9 миллион сомонӣ (102 фоиз) иҷро гардида, музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар навбати аввал маблағгузорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, шумораи нафақахӯрон 4143 нафар буда, ҳаҷми миёнаи нафақа 321 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар самти сохтмону азнавсозии роҳҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, обёрии заминҳо, беҳдошти чаррогоҳҳо, хушзоткунии чорво, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 23,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Соли равон ба сохтмони се корхонаи саноатӣ — оби тозаи нӯшокӣ, коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ оғоз бахшида шуд, ки соли 2020 ба истифода дода мешаванд ва зиёда аз 150 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 125 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин дар мавзеъҳои коркардашудаи заршӯии минтақаи Шугнов, зиёда аз 1045 нафар ба кори дастии мавсимӣ ҷалб шуданд. Дар доираи сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ се коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, зиёда аз 180 нафар зан ба ҷойи кори доимӣ ва ба шуғли бофандагии хонагӣ таъмин гардиданд.

Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 106,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 4 фоиз зиёд аст.

Дар майдони 8161 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нақшаи солона пурра таъмин гардид. 8658 тонна картошка, 5375 тонна сабзавот, 395,2 тонна гӯшт, 2274 тонна шир, 913 ҳазор дона тухм, 2,6 тонна пилла истеҳсол гардида, зиёда аз 20,7 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво захира карда шуд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Боғпарварон дар 137 гектар боғи нав бунёд намуда, зиёда аз 26 ҳазор бех дарахти мевадиҳандаю сояафкан, 300 ҳазор бех гулу буттаи ороишӣ шинонданд ва нигоҳубинашон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Саршумори чорвои калон ба 23452 сар, моли майда ба 34305 сар, аспҳо ба 2111 сар, паранда ба 31184 сар ва занбӯри асал ба 4143 оила расонида шуда, дар масоҳати 6 гектар ҳавз барои хубтар ба роҳ мондани соҳаи моҳипарварӣ сохта шуд.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соҳаи иҷтимоӣ низ зина ба зина амалӣ гардида истодаанд. Алҳол 50 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 12164 хонанда фаъолият дорад. Аз 853 хатмкунанда 750 (88 фоиз) нафар аз тариқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳ ёфтанд.

Дар ноҳия 41 муассисаи тандурустӣ ва 329 нафар корманд ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд. Соли равон ду бинои нави беморхона ва се маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин, сохтмони осорхона, китобхона ба анҷом расида, мактаби мусиқии бачагона ба бинои нав ва аксарияти клубу китобхонаҳо аз таъмир бароварда шуданд (17 китобхона, 8 клуб, қасри фарҳанг, 2 осорхона, 118 коргар). Аз ҳисоби истеъдодҳои ҷавон 2 дастаи ҳунарӣ (рақсӣ ва фалакхонон) ташкил ва барои фаъолияташон шароит фароҳам гардид.

Бо мақсади солимгардонии омма ва ҷалби ҷавонон ба варзиш 68 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, варзишгоҳи марказӣ, 57 майдонча ва 10 толори варзишӣ дар сатҳи зарурӣ фаъолият мекунад.

Аз шумораи умумии занон (28 951 нафар) 5456 нафар кас ба шуғл ҷалб карда шуда, 67 нафар ҷавондухтар тибқи квотаҳои президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ва зиёда аз 200 нафар дар филиали Коллеҷи тиббӣ ва Литсейи касби техникии ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст (6 комиссияи доимӣ, 29 комиссияи ҷамъиятӣ, 4 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст).

Дар заминаи таъмини иҷрои дастуру супоришҳо оид ба рушди сайёҳӣ корҳои муайян ба иҷро расида, аз ҷумла, 7 хатсайр, шароити қабулу роҳнамоикунандаи сайёҳон таъсис дода шуда, сохтмони 2 меҳмонхонаи замонавӣ ва қабулгоҳ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор доранд. Дар давраи зикршуда 25465 нафар сайёҳ ба ноҳия ташриф оварданд, ки аз ин шумора 615 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то 1 сентябри соли равон сохтмони 6 муассисаи таълимӣ барои 2030 хонанда, 12 синфхонаи иловагӣ, 7 муассисаи тиббӣ, 5 меҳмонхона, 77 бинову иншооти коммуналӣ ва савдо, ба оби нӯшокӣ таъмин намудани 16 деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, 21 километр чароғон намудани кӯчаю хиёбонҳо, 25 километр сангфарш ва 16 километр мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, 2100 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, аз таъмири асоси баровардани 44 бинову иншоотро ба анҷом расонида, дар маҷмӯъ, зиёда аз 100 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, амалҳои коррупсионӣ дар тақсимоти замин, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти андозҳои давлатӣ, ба иҷора додан ва истифодаи амволи давлатӣ, ошкор намудану кушодани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарғиби унсурҳои фарҳанги бегонапарастӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми шарафманди он бо азми қавӣ ва рӯҳи болида ҳар як дастуру супориш ва нақшаю уҳдадории базиммадоштаро сари вақт иҷро намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд истиқбол мегиранд.

Парвиз АКРАМЗОДА, раиси ноҳияи Ховалинг