Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд. Бунёди 163 иншоот бо харҷи зиёда 416 миллион сомонӣ

№71 (4021) 20.06.2019

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, то кунун беш аз 163 иншооти ҳаётан муҳим ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин бора роҳбари маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, ба истиқболи ҷашни фархунда тавсеа бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Боиси фараҳмандист, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои ҷашнгирии иди Наврӯз якчанд иншоот ба истифода дода шуда, ба боз ҳам зебо гардидани симои шаҳр ва фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ боис гардид.

Бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, ­маҷмааи «Роҳи танобӣ», тарабхонаи замонавии «Темурмалик» аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маркази хизматрасонии замонавӣ ба номи «Шоҳона» сохта шуда, 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар кӯчаи Ҳаким Карим бинои нави озмоишгоҳии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба истифода дода шуд. Он аз ҳисоби донишкада бо харҷи беш аз 2 миллиону 374 ҳазор сомонӣ эъмор гардид. Дар маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ низ як маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3 миллиону 850 ҳазор сомонӣ мавриди истифода дода шуд. Ба беҳтар гардонидани аҳолӣ бо манзил низ таваҷҷуҳ хос буда, 6 бинои истиқоматии бисёрошёна ба маблағи 33 миллиону 608 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Далелҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки омодагии сокинон ба ҷашни фархунда ҷиддӣ буда, дар ин замина шаҳр ободтар хоҳад шуд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»