Хуҷанд шаҳри беҳтарини вилояти Суғд дониста шуд

№ 12.08.2016

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Қабл аз ҳама Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ сухан ронда, дар ин робита аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ёдовар шуд.

Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои  Амри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят маърўза кард. Ў, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Амри мазкур қарори дахлдори раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли равон ба тасвиб расида, тибқи он комиссияи вилоятӣ таъсис ва барои ғолибони озмун 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Вакилон Бадриддин Шарофов, Матлубахон Сатториён, Неъматулло Раҳматуллозода, Комил Салимзода, Зариф Назирӣ зимни  музокира доир ба таъмини иҷрои Амри марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят ҳарф заданд.

Сипас, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври вилоятии озмуни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим кард.

Мувофиқи ҷамъбастӣ натиҷаҳо дар вилоят шаҳри Хуҷанд ҳамчун шаҳри беҳтарин ғолиби озмун дониста шуда, соҳиби Диплом ва 7500 сомонӣ гардид.

Дар бахши «Оилаи беҳтарин» бошад оилаи Нуъмонҷон Файзуллоев аз шаҳри Хуҷанд, сазовори ҷойи дуюм, диплом ва 1200 сомонӣ шуд.

Дар ин зимн Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт, ки амалӣ намудани Амри мазкур ва гузаронидани озмун ба ҳалли бисёр масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ мусоидат намуд.

Раиси вилоят дар фарҷом барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободкорӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва коркарди босифати пахта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, сифати корҳои таъмир дар мактабҳо, иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят ва ғайра ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Таҳияи Тиллои Некқадам, «Садои мардум»