Хуҷанд. Вакилон дар се моҳ 235 муроҷиатро баррасӣ карданд

№83 (4033) 11.07.2019

Вобаста ба ин масъала бо раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамсуҳбат шудем. Вай, аз ҷумла, гуфт:

Маъруф-Мухаммадзода- Соли гузашта чаҳор иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор шуд, ки дар онҳо иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», қарори раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид. Ҳисоботи раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2018 шунида, Низомнома ва ҳайати нави комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Хуҷанд, нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳр, номгузории объектҳо тасдиқ шуд. Ҳамчунин, масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои соли 2018, тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳр дар соли 2017 ва қабули буҷети шаҳр барои соли 2019, муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ, 35 масъала, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар семоҳаи аввали соли равон бошад, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузаронида шуд, ки дар он ­масъалаҳо оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳо, тағйи­ру иловаҳо ба буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2019, ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр баррасӣ гардиданд.

Тибқи ҷадвали тасдиқкарда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки вакилон соли гузашта 820 нафар ва дар се моҳи соли ҷорӣ 235 интихобкунандаро, ки бо мушкилоти бақайдгирии манзил, ҷудо намудани ­қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмири хона ва биноҳои баланд­ошёна, мумфаршкунии кӯчаҳо, таъминот бо барқ, зиёд намудани микроавтобусҳо дар хатсайр­ҳои маҳаллаи Чашма, ҷои кор, расонидани кумаки молиявӣ ва ғайра муроҷиат карданд, қабул ва 46 дархости вакилиро ба унвони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ирсол намуданд.

Бо итминон метавон гуфт, ки минбаъд низ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ободонии диёр саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Таҳияи Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»