Хуҷанд. Вазъи мусофиркашонӣ беҳтар гардид

№107 (3901) 01.09.2018

автобусМоҳе муқаддам дар хатсайрҳои маркази маъмурии вилояти Суғд дар асоси амалисозии нақшаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» 25 адад автобуси мусофиркашони тамғаи «ЛиАз» (истеҳсоли Федератсияи Россия) ба кор оғоз кард. 26 августи соли равон боз 25 адади дигар ҳамин намуд автобус ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 26 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.

Аз шуъбаи нақлиёти МИҲД шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки автобусҳои нав нисбат ба автобусҳои қаблан воридшуда калонҳаҷм буда, дарозиашон 12 метр мебошад. Ҳар яки он барои зиёда аз 100 мусофир пешбинӣ шудааст. Дар дохили автобус барои ашхоси имконияташон маҳдуд низ шароити мусоиди баромаду фаромад фароҳам аст.

Ҳаракати автобусҳо аз маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳри Бӯстон идома меёбад. Дар назар аст, ки ояндаи наздик ба самти шаҳри Гулистон низ хатсайри автобусҳо ташкил карда шавад. Ронандагони нақлиёти нави мусофиркашонӣ дар асоси озмун ба кор қабул мегарданд.

Тибқи гуфтаи масъулин, дар ояндаи наздик, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти электронӣ ва чиптавии он роҳандозӣ мегардад. Бо амалӣ гаштани марҳилаи дувуми лоиҳа шумораи умумии автобусҳо ба 50 адад расид. Мувофиқи нақша то охири соли ҷорӣ боз 50 адад автобус ба маркази вилоят оварда хоҳад шуд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»