Хуҷанд яке аз шаҳрҳои беҳтарини шоҳроҳи бузурги абрешим дониста шуд

№29 (3979) 16.03.2019

fdfДар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шаҳри Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини Шоҳроҳи бузурги абрешим шомил гардид.

Дар ин бора сомонаи МИҲД-и шаҳр бо такя ба хабари Оҷонсии таҳлилии «Тур Стат» иттилоъ додааст.

Бояд гуфт,ки алҳол дар маркази маъмурии вилояти Суғд 13 меҳмонхона мавҷуд мебошад, ки барои қабули меҳмонону сайёҳон дар онҳо тамоми шароит муҳайёст. Дар назди меҳмонхонаҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қиматбаҳо фаъолият намуда, армуғон ва туҳфаҳои хотиравӣ — маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Сайёҳон метавонанд бо 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ ва 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат шинос шаванд.

Дар шаҳр 6 муассисаи сайёҳӣ- Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Саёҳати олӣ», «Суғдиён — Помир-Тур», «Ҷаҳонгард», «Алп Сомон-тур» ва Ассотсиатсияи «Зарафшон» амал мекунад.

Ҳамчунин дар хатсайрҳои дохилии сайёҳӣ, ба монанди «Шоми Душанбе», «Искандаркӯл», «Ҳафткӯли муъҷизадор» фаъолият хуб ба роҳ монда шудааст.

Тавре дар хабар омадааст, соли 2018 зиёда аз 64 ҳазор меҳмону сайёҳ ба тамошои мавзеъҳои таърихии шаҳр омадаанд, ки 4,3 ҳазор нафари онҳо хориҷӣ буданд. Аз ин ҳисоб ба буҷаи маҳаллӣ 2,7 млн. сомонӣ ворид шудааст.

Дар баробари ин, МИҲД-и шаҳр бо мақсади тарғиби туризм пайваста чораҳои мушаххас меандешад. Масалан, дар атрофи Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» боғи фароғатӣ бунёд ёфт, ки ба макони истироҳату фароғати сокинон табдил гардидааст. Соли гузашта шиногоҳи соҳили дарёи Сир аз нав барқарор карда шуд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонии роҳи танобӣ аз болои дарёи Сир ба масофаи 1050 метр ва тарабхона дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев вусъати тоза гирифтааст. Дар назар аст, ки ин иншоот дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»