Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

№87 (3881) 17.07.2018

Rustami-Emomali11 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум доир гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

«Гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба  интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 15, 20 ва 53», «Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳолати рушди соҳаи саноат, фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини рушди устувори иқтисодии шаҳри Душанбе», «Дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг», «Дар бораи ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т. К. оид ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бобати ташкили корҳои ободонию зебоигардонӣ, шинонидани дарахт, гиёҳҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе».

Дар робита ба гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Солӣ, Миҷгона Рустамова ва Нурҷаҳон Исмоилов аз ҳавзаҳои интихоботии №15, 20 ва 53 тасдиқ карда шуданд.

Доир ба масъалаҳои дигар муовинони раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, Мавсума Муинӣ ва Толиб Раҳимзода ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ вобаста ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сатҳи истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайримақсаднок истифода намудани корхонаҳои саноатие, ки солҳои қаблӣ хусусӣ гардонида шудаанд, изҳори андеша намуда, ба муовинон ва масъулини корхонаҳо супориш дод, ки барои истифодаи иқтидори пурраи корхонаҳо, ворид намудани технологияҳои наву муосири соҳаи саноат ва бо ин васила ноил гардидан ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.  Раиси шаҳр диққати ҳозиринро ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои махсус барои корхонаҳои соҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки сатҳи истеҳсолот дар онҳо боло бурда шавад. Ҳамчунин, масъулин ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоя, пешгирии талафоти барқ, пайваст намудани биноҳою иншооти шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва ғайра супориш гирифтанд.

Бо дарназардошти дар нимаи дуюми сол баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсии байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат роҳбарони сохторҳои марбута вазифадор гардиданд, ки  нуқсону камбудиҳои мавҷударо  сари вақт бартараф намуда, ҷиҳати иҷрои  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  тараққиёти ҳамаҷонибаи пойтахти кишвар, ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, таъмини некуаҳволии сокинон, фароҳам овардани шароити шоистаи зист барои онҳо  ва ҳамеша тозаву назаррабо нигоҳ доштани  шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоранд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»