Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар Қӯрғонтеппа

№78 (3715) 01.07.2017

29 июни соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он ибтидо рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 14 октябри соли 2010 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010» ва «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардид. Доир ба ин мавзӯъ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода маълумот дод.

Инчунин, ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018 шунида шуда, Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист ҳисобот пешниҳод кард.

Дар ин бора хабарнигори махсуси рӯзнома дар вилояти Хатлон Сулаймон Султонов иттилоъ дод.

 «Садои мардум»