Ибтикори Пешвои миллат бунёдкориро вусъат бахшид

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Рашт вусъати тоза гирифтанд.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти «Ясман» Исмат Абдухалилов иттилоъ дод, моҳҳои январ ва феврал бо саҳми соҳибкор Қаноатшо Искандаров канали «Ҳазора» дар масофаи 8,5 км бо сарфи 38 ҳазор сомонӣ таъмир ва барқарор карда шуд.

Ҳамчунин, аҳолии деҳот тасмим гирифтаанд, ки 6 мабразхонаи замонавӣ, 1 варзишгоҳ дар маркази деҳот ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 – и деҳаи Ҳисорак 4 синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд.

- Деҳоти «Ясман» мавзеъҳои зиёди тамошобоб дорад. Дар Крангайлоқ манзараҳоеро дидан мумкин аст, ки дар тасвираш сухан оҷизӣ мекашад. Дар ин дараи зебо садҳо чашмаи хурду бузург мавҷуд аст. Кӯздара низ ҷойи тамошо ва шикоргоҳи хубест. Дар он намудҳои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд. Барои ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ин мавзеъ шароити мусоид муҳайёст. Дар назди ҷамоати деҳот барои намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунармандон маркази ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтааст, — мегӯяд И. Абдухалилов.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»