Иди тут дар Баррӯшон

№107 (3901) 01.09.2018

тутЧанде пеш бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бори нахуст дар боғи марказии деҳаи Баррӯшон иди тут доир шуд.

Дар он ҷамоатҳои деҳоти ба номи М. Абдулвосиев, Н. Додхудоев, «Рӯшон», «Пастхуф» ва «Бартанг» намудҳои гуногуни тут – бедона, услай, шаҳтут, музаффарӣ, тути сиёҳ, шоқулӣ, малбеб, навъ­ҳои гуногуни тутпис, аз ҷумла, тутпис бо равған, зағирбишт, ғубай тутпису қаймоқ ё чака, тутпис бо гандум, ғавзамавз (тутпис бо донаки чормағз), тутпис бо донаки зарболу, ғрамба ё ғирафч, маҳсулоти тутӣ, аз қабили кулчақанди тутӣ, торти тутӣ, атолаи тутпистӣ, нони тутӣ (аз тутпис бо гандум тайёр мешавад), ширинии тут (асали тутӣ), шарбатҳои гуногуни тутӣ, чойи тутӣ, мураббои тутӣ, маҳсулоти корхонаи «Pamir Gold» — ноҳияи Рӯшон, асбобҳои мусиқиву конселярии аз чӯби тут сохта ва ғайраро манзур гардониданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарварии ҷонишини раиси вилоят Г. Орумбекзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ширкат варзида, ба маҳсулоти  омоданамуда баҳо доданд.

Имомназар Хоҷаназар Лутфулло саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва рушди суннатҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ махсус таъкид намуд.

Раиси Ҷамоати деҳоти «Рӯшон» Гулсара Мирзошоева роҷеъ ба таърихи тут, Саодат Маликмамадова оид ба хусусиятҳои табобатии тут, Замир Қобилов  оид ба аҳамияти экологии тут андешаронӣ карданд.

Муовини раиси ВМКБ Г. Орумбекзода ташаббуси мардуми Рӯшонро қадами нек арзёбӣ ва изҳори итминон кард, ки навоварӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби дигарон низ хуш пазируфта мешавад.

Дар охир ба пешқадамон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯшон тақдим гардид.

М. БАХТИЁРОВ, ноҳияи Рӯшон