Идомадиҳандаи кори хуби аҷдодӣ

№51 (4157) 23.04.2020

Фабрика форматов8KNdTJIQhQtcPwXnFXGSZMmfPuXДар замони шиддат гирифтани бархӯрди тамаддунҳо эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши муассир дорад.

Мусаллам аст, ки ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули неруи зеҳнии инсон ва таҷассуми табиату шинохти ҳар як гӯшаи канори кишвар мебошад. Дар робита ба ин, бо яке аз ҳунармандон Гулнигор Шайхова ҳамсуҳбат шудем. Ӯ бофандагиро дар 16-солагӣ аз модараш омӯхтааст.

- Касби ман мероси аҷдодӣ аст, — гуфт номбурда.

Холаи Гулнигор 71- сола бошад ҳам, ба офаридани нақшу нигори тоза машғул аст ва мекӯшад, ки ҳунари аҷдодиро такмил диҳад. Ӯ дар баробари тарбияи наберагон бо таълими шогирдон низ машғул аст.

Фабрика форматов8KEdLxHdiiftJNIerobKzbLjQKmФарзандону наберагонаш ҳунари ӯро аз худ кардаанд ва идомадиҳандаи кори неки ӯ ҳастанд. Ба 20 шогирд дӯхтани рӯймол, тоқӣ, куртаҳои миллӣ, гарданбанд ва ғайраро омӯзонидааст. Шогирдонаш айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сехи дӯзандагию бофандагӣ кушодаанд.

Ҳамсуҳбатам дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби мукофоти зиёд гаштааст. Узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад.

- Соли 2011 бароям фаромӯшнашаванда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд. Ба ман муяссар гардид, ки аз наздик бо Сарвари давлат суҳбат намоям. Он кас ба маҳсули дастони мо баҳои хуб дода, барои фаъолияти минбаъдаамон мусоидат карданд, — гуфт бо ифтихор холаи Гулнигор.

Марҷонаи ЮСУФ