Пешниҳод

Ифтитоҳи хатсайри Кӯлоб – Исломобод зарур аст

№133 (4239) 29.10.2020

Дар натиҷаи паҳншавии бемории COVID — 19 ва басташавии марзҳо ба соҳаи туризми ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ расид. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии туристӣ (WTO), аз моҳи январ то майи соли ҷорӣ индустрияи туризми ҷаҳонӣ 320 миллиард доллар зарар дид. Ин рақам нисбат ба буҳрони молиявии соли 2009 се баробар зиёд аст.

Ба гуфти президенти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Булут Боғчи, то охири сол мумкин аст, ки зарари соҳаи туризм ба 1 триллион доллар расад. Ӯ гуфт, ки соҳаи туризм бо 60 бахши иқтисодиёти ҷаҳонӣ вобаста буда, соле то 1,7 триллион доллар даромад меорад.

Мувофиқи пешгӯии Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба саёҳат ва туризм (WTTC), мумкин аст дар Федератсияи Россия то охири соли равон 1,1 миллион корманди соҳа бекор монанд. Аз ин рӯ, бархе аз созмонҳои ҷамъиятии Федератсияи Россия ба Президенти кишварашон Владимир Путин нома навишта, хоҳиш кардаанд, ки «карантини сахт» ҷорӣ накунад.

Ба гуфти муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Мӯъминзода, соҳаи туризм зуд барқароршаванда аст. Яъне, бо барқароршавии хатсайрҳои ҳавоӣ ва заминӣ имкони тадриҷан барқароршавии соҳа вуҷуд дорад.

Чанде пеш аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия ва Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Хуб мешуд, ки хатсайри ҳавоии Кӯлоб-Исломобод низ ба роҳ монда шавад, зеро дар Покистон потенсиали зиёди сайёҳон мавҷуданд, ки хоҳиши дидани Тоҷикистонро доранд. Махсусан, сокинони Озод Кашмир, тоҷикони Хунзаю Читрол, ки бо мардуми мо аз ҷиҳати урфу одат наздикии зиёд доранд. Аксари кашмириён хоҳишманди зиёрати марқади Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳастанд. Зеро маҳз тавассути даъвати ин шахсияти бузург сокинони минтақа дини мубини исломро пазируфта буданд. Теъдоди онҳо дар ҷаҳон ба 13 миллион нафар мерасад. Аз ин шумора, агар 100 ҳазор нафар ҳам, ки ба шаҳри Кӯлоб оянд, тамоми сол меҳмонхонаву ошхонаҳои шаҳри бостонӣ пур аз сайёҳ хоҳад шуд. Табиист, ки сайёҳ дасти холӣ барнамегардад.

Аз ҷониби дигар, Исломобод яке аз зеботарин пойтахтҳои ҷаҳон буда, сарсабзу гулпӯш аст. Дар навбати худ ҳамватанон метавонанд бо соҳибкорони он ҳамкорӣ намуда, аз Покистон картошка, манго, мандарин, мавз (банан), доруворӣ, васоили варзишӣ, либосҳои пахтагинро бо нархи арзону сифати баланд ворид кунанд.

Покистон низ мисли Шветсияву Дания карантини сахт ҷорӣ накард ва дар он суръати паҳншавии бемории COVID-19 чандон зиёд нест. Дар маҷмӯъ, ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Кӯлоб-Исломобод аз чанд ҷиҳат муфид хоҳад буд. Танҳо барои фоиданок шудан онро дуруст ва самаранок муаррифӣ кардан зарур аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»