Ифтитоҳи мактаби нав дар Мастчоҳ

№122 (4062) 19.09.2019

Таҷлили имсолаи иди Истиқлолияти давлатӣ дар хотири бошандагони деҳаи дурдасти Сангчашмаи деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ то дер боқӣ хоҳад монд, зеро, маҳз дар рӯзҳои таҷлил аз 28 -умин солгарди Истиқлолият дар деҳа мактаби наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин боргоҳи маърифат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 аст, ки барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ ва дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Дар маросими ба истифода додани он раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Илҳомҷон Оймаҳмадзода иштирок ва баромад карданд.

Ғайрат Азиззода аз ҷумла, таъкид дошт, ки «дар рӯзҳои пурфайз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимӣ гувоҳи барҷастаи ғамхорию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи мактабу маориф мебошад».

М. Мақсудов«Садои мардум»