Ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар «Ванқалъа»

№151 (3945) 20.12.2018

3Дар деҳаҳои Оқмамад ва Пиши деҳоти «Ванқалъа»-и ноҳияи Шуғнон бинои нави муассисаҳои таълимии № 53 ва 55 ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки ин ду муассиса солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта, харобу валангор гашта буданд.

Ҳар ду муассисаи нави таълимро бинокорони ширкати «Мадад» бо тарҳи замонавию сифати баланд сохтанд ва барои онҳо дар маҷмӯъ, 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи таълимгоҳҳо раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир доир ба сиёсати созанда ва талошҳои пайвас­таи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, зикр кард, ки маҳз хизмати беандозаи Президенти кишвар буд ки зиёда аз сад иншооти гуногуни аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта дар панҷ соли охир дар ноҳия мавридӣ баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ  Ёдгор Файзов гуфт, ки дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд шиори зиндагӣ қарор диҳем. Барои омӯхтани илму дониши муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии фарзандон меҳнати бештар кунем. Танҳо бо роҳи аз худ кардани донишҳои ҳозиразамон имкон пайдо хоҳем кард, ки шаъну шараф ва эътибори миллатро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намоем.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»