Ифтитоҳи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» пас аз навсозӣ

№89 (4351) 03.07.2021

51285367384_7abb6ab3c6_o2 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шоҳамбарии деҳоти «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

То оғози корҳои сохтмонию навсозӣ дар осоишгоҳ 60 нафар фаъолият мекард, ҳоло имкон фароҳам омад, ки зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар он дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешаванд.

Барои табобату истироҳати шаҳрвандон таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ дастрас шуда, барои солимгардонии бадан низ шароити мусоид мавҷуд мебошад.

Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат мебошад, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои асосии осоишгоҳ аз панҷ ошёна бо 500 кат пурра таъмир ва навсозӣ гардида, дорои ошхона барои хизмат­расонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзишӣ ва солимгардонӣ мебошад.

Дар бинои асосӣ ошпазҳо барои мизоҷон хӯрокҳои миллию парҳезӣ ва дархостӣ тайёр мекунанд.

Дар баробари фароғату табобат, ҳамчунин, барои гузаронидани суҳбатҳои гирди мизи мудаввар, конференсия ва нишастҳои илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароити мусоид бо технология, роҳаткурсиҳо, тахтаҳои таблиғотӣ, тақвияти овоз ва дигар таҷҳизоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар толори варзишӣ баробари машғул шудани истироҳаткунандагон ба варзиш, инчунин, барои гузаронидани мусобиқаҳои дохили осоишгоҳӣ ва дигар чорабиниҳо шароит муҳайё гардидааст.

Бинои амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ замонавӣ сохта шуда, имкон аст, ки дар он, баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар тадбирҳои фарҳангию сиёсӣ гузаронида шавад.

Барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дӯкон дар шафати амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, туҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили ҳунарҳои кулолгарӣ,  дӯзандагӣ, ресандагӣ, чӯбкорӣ, заргарӣ, дӯконҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум ва нӯшобаҳо хизмат мерасонанд. Онҳо тарҳи замонавӣ дошта, бо санъати зебои миллӣ ороиш ёфтаанд.

Қаҳвахона-ошхонаи миллӣ бо 140 ҷой сохта шудааст ва масоҳати умумии он 475 метри мураббаъро дар бар мегирад.

«Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» иншооти  навест, ки ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо дастгоҳҳои муолиҷавию табобатии замонавӣ таъмин мебошад ва дар он беҳтарин мутахассисону табибон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Бо итминон метавон гуфт, ки он дар ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ низ бо мавҷудияти шароити зикршуда ва табиати биҳиштосо нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар назди осоишгоҳ хоҷагии ёрирасон бо дарахтони мевадиҳанда дар масоҳати 60 гектар бунёд гардидааст.

Чоҳи амудии оби маъдании осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр навсозӣ гардидааст. Он хусусияти табобатӣ дошта, барои табобати узвҳои ҳозима шуҳратёр шудааст.

defaultНоми осоишгоҳ аз номи оби маъдании чашма гирифта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба аҳамият ва шуҳрати он маълумоти зиёд мавҷуд аст.

Сохтмони хати нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи зиёда аз 10 километр то осоишгоҳ сохта шуда, оби он ба меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ мебошад ва аз пиряху обҳои чашмаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад.

Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудааст.

Сафолакпӯшии майдону роҳҳои атрофи биноҳои осоишгоҳ 5 ҳазор ­метри мураббаъро ташкил дода,  дар он 40 ҳазор дарахти ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз як миллион бех гулу бутта шинонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар осоишгоҳ дар баробари парвариши ниҳолу дарахтони маҳаллӣ — парвариши ниҳолу дарахтони нодири сояафкан ба роҳ монда шудааст, ки дар ояндаи наздик табиати онро боз ҳам диданӣ хоҳанд кард.

51284645656_d0d93791c2_oҲамчунин, дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи «Алмосӣ» то даромадгоҳи осоишгоҳ пурра мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудааст.

Барои беҳтар гардидани сатҳи хизмат­расонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст.

Сокинони се деҳаи атрофи осоишгоҳ баъди таъмири роҳи мошингард ва ташкили хатсайри нав метавонанд дар вақти кӯтоҳ бо сарфаи вақт ва маблағ ба макони дилхоҳ расанд. Илова бар ин, хатсайри сайёҳӣ низ таъсис ёфтааст.

Барои дастрасии мизоҷон бо алоқаи хуби телефонӣ ва интернет хати баландсуръати интернет кашида шуда, дар ҳар як утоқ насб гардидааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави кор, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон ҳидоят карданд.

www.president.tj