Ба мо муроҷиат мекунанд

Илтимос, ба мо ёрӣ диҳед!

№59 (4165) 16.05.2020

Корхонаи номдори КМ «Зарафшон», ки истеҳсолкунандаи тиллои водии Зарафшон аст, дар наздикии деҳаи сераҳолии Хумгарон сохта шудааст. Дар деҳа зиёда аз 180 хоҷагӣ мавҷуд буда, 1200 нафар зиндагӣ мекунанд.

Хумгарон аз майдони бузурги партовҳои заҳролуди корхона 250 метр дурӣ дорад. Бар замми ин, корхона бе розигии халқ, худсарона 110 гектар замини лалмиву обӣ ва президентии гирду атрофи деҳаи Хумгаронро, ки ба хоҷагии деҳқонии «Ориён» тааллуқ дошт, аз худ карда, дар қисми зиёд ва ба деҳа наздиктари он майдони партов бунёд намудааст, ки аллакай мардум аз он зарар дида истодаанд. Он ба дарахтону меваҷот, сабзавоту зироат, ҳайвонҳои хонагӣ низ зарар расонида истодааст. Аммо намояндагони корхона мегӯянд, ки он полоишгоҳ аст ва ягон зарар надорад. Ба мардум бо дағалӣ муносибат менамоянд. Бар ивази зарарҳо КМ «Зарафшон» ба мардуми деҳаи Хумгарон ягон кумак намерасонад. Ҳоло дар назди чашмаи деҳа корхона боз полоишгоҳи нав сохта истодааст. Чашма бошад, ягона манбаи оби нӯшокии сокинони деҳа маҳсуб меёбад.

Мо ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, вале ягон кас ба доди мо нарасид. Намояндаҳо омада: «замин моликияти давлат» мегӯянд. Вале ояндаи кӯдакон ва саломатии мардум чӣ мешавад?

Сеюми марти соли равон раиси вилоят барои вохӯрӣ бо сокинони Хумгарон омаданд. Вале мо дарди диламонро гуфта натавонистем. Аниқтараш иҷозат надоданд, ки дар бораи зарар доштани полоишгоҳ муроҷиат кунем. Мо намехоҳем, ки дар болои деҳа полоишгоҳ созанд, чунки ҳаёти 1200 нафар зери хатар мемонад…

Мо, сокинони деҳаи Хумгарон, 14 ноябри соли 2019 ба оғози сохтмони полоишгоҳи нав иҷозат надодем, чунки он ҳам ба хонаҳои истиқоматӣ наздик асту ҳам дар болои чашмаи об ҷойгир хоҳад шуд. Решаи чашмаоб дар даруни полоишгоҳ ҷойгир буда, оянда метавонад боиси заҳролудшавии аҳолии деҳа гардад. Бар замми ин, чашмаоб 100 гектар заминро обёрӣ мекунад.

Дар поёни деҳа полоишгоҳи куҳна ҷойгир аст. Аз гирду атрофаш оби заҳрдор баромада истодааст, девори полоишгоҳ нам задагӣ, чорвои мардум аз он об хӯрда, нобуд шуда истодааст.

Мо ба КМ «Зарафшон» муроҷиат кардем. Роҳбараш мегӯяд, ки корхона зарар надорад, ҳол он ки мардуми деҳа аз дуди заҳрноки он ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд, ҳатто ба марг мерасанд. Мо зидди фаъолияти корхона нестем, фақат мехоҳем, ки полоишгоҳ дар ҷои безарар сохта шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол аст барои тозагии об ҷаҳду талош меварзанд, вале чаро КМ «Зарафшон» полоишгоҳи заҳрдор сохта, оби моро заҳролуд мекунад?! Барои чӣ деҳаи ободро вайрон сохтанианд ва чаро касе ба додамон намерасад?

Илтимос, ба мо ёрӣ диҳед, аз ҳоламон бохабар шавед. Умедамон ба шумост!

Худойбердӣ Зоиров, Фирӯза Қаҳҳорова, Сабоҳат Шамсиева — ҷамъ 8 имзо, сокинони деҳаи Хумгарони шаҳри Панҷакент