Имкониятҳо бояд пурра истифода шаванд

№123 (3917) 11.10.2018

logo1Ин буд хулосаи коршиносони Тоҷикистону Ӯзбекистон

5 октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» баргузор гардид.

Директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки ҳадафи асосӣ таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои  мутақобилан судманд мебошад.

- Яъне, муваффақиятҳое, ки дар байни ду сол, дар натиҷаи сафари таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафарҳои Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омаданд, бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд. Тавре маълум аст, дар натиҷаи ин сафарҳо, дар маҷмӯъ, 54 санади ҳамкорӣ ба имзо расида,  онҳо имкон медиҳанд ҳар ду тараф дар соҳаҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ монанд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо шуд, ки дар доираи он ҳамкориҳои мутақобилан судманд шурӯъ гардиданд, — изҳор дошт  Худобердӣ Холиқназар ва афзуд, ки вақти он расидааст раводид бардошта шавад, поккории марз аз минаҳо ҳар чӣ тезтар ба итмом расад ва имкониятҳои пешин барқарор гарданд.

Намояндаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳром Сотиболдиев низ аз муваффақиятҳои байни ду давлат  дар ду соли охир ёдовар шуд.

Инчунин, намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва  меҳмонон вобаста ба масоили зикршуда изҳори андеша намуда, дурнамои рушди ҳамкориҳоро нек арзёбӣ карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»