Имрон Ҳайдар: «Тоҷикистон ҳамсояи наздиктарини Покистон дар Осиёи Марказӣ аст»

№99 (4205) 15.08.2020

IMG-20200812-WA001014 августи соли равон Ҷумҳурии Исломии Покистон 73 — солагии истиқлолияташро ҷашн гирифт. Дар робита ба ин ва дигар масоили умда хабарнигорамон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Имрон Ҳайдар мусоҳиб шуд.

- Як сол мешавад, ки ба ҳайси сафир фаъолият доред. Дар ин муддат кишвари моро чӣ гуна дарёфтед?

- Ростӣ, аз рӯзе, ки ба Тоҷикистон омадам, лаҳзае худро дар кишвари хориҷӣ эҳсос накардам. Чунин ҳис мекунам, ки дар Покистон ҳастам ва Тоҷикистон хонаи дувуми ман аст. Зеро таърих, фарҳанг, таом, чеҳра ва расму оини мардум ба ҳам монандии зиёд дорад. Забони урду аз забони шевои тоҷикӣ калимаю ибораҳои зиёдеро гирифтааст. Аз ин рӯ, вақте тоҷикон суҳбат мекунанд, калимаю ибораҳои шинос ба гӯшам мерасанд. Навад дарсади матни «Қавмӣ тарона» (суруди миллӣ)- и моро тоҷикон бетарҷума мефаҳманд.

Халқи тоҷик бо меҳмоннавозӣ, саховатмандӣ ва меҳнатдӯстӣ шуҳратёр аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати саводнокии аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Мардумаш ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дошта, тарзи ҳаёти солим ва гигиенаи шахсиро хеле хуб риоя  менамоянд, ки ин яке аз асрори хушбахтии онҳост. Ҳамаи ин пешравӣ на танҳо  аз фарҳанги ғании мардум, балки аз сарварии оқилонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд. Ин сиёсатмадори барҷаста бо пеш гирифтани сиёсати матин ва саъю талоши зиёд дар роҳи таъмини сулҳу амният дар кишвар ва рушди миллати тоҷик хизмати арзанда кардаанд.

- Айни замон Тоҷикистону Покистон  муносибати хуб доранд. Ин робитаҳоро чӣ гуна метавон тақвият ва тавсеа бахшид?

- Покистон ба муносибатҳои дуҷониба бо кишвари бародари Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздиктарини мо дар Осиёи Марказӣ аст, аҳамияти махсус медиҳад. Ба ҳамин монанд, Тоҷикистон низ Покистонро ҳамчун кишвари бародар мешуморад. Ҳар ду мамлакат оид ба масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари ягона доранд. Ҳоло ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ ҷараён доранд. Танҳо дар шаш соли охир шаш сафари дуҷонибаи роҳбарияти олӣ сурат гирифтааст, ки шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Роҳбарияти ҳар ду давлат омодаанд, ки робитаҳои бародаронаи мавҷударо ба манфиати тарафайн боз ҳам таҳким бахшанд. Соли гузашта, зимни  мулоқот дар шаҳрҳои Пекин ва Бишкек, Сарвазири Покистон Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагиро барои таҳкими  минбаъдаи робитаҳои дуҷониба изҳор карданд.

Ин иродаи неки роҳбарияти олии ду давлати дӯстро метавонем  тавассути рушди тиҷорати дуҷониба, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва туризм амалӣ намоем. Аз ин рӯ, таҳти сарпарастии Комиссияи муштараки вазирон якчанд гурӯҳи кории муштарак таъсис додем, то онҳо ба ҳадафҳои гузошташуда ноил шаванд. Мутаассифона, баъзе аз чорабиниҳо бо сабаби паҳншавии пандемияи COVID – 19 ба таъхир афтоданд. Бовар дорам, ки пас аз поён ёфтани пандемия ҳар ду ҷониб барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо чораҳои муассир меандешанд.

- Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро чӣ гуна метавон вусъат бахшид?

- Мақсади  аввалиндараҷаи ман пас аз ташриф овардан ба Тоҷикистон тавсеаи робитаҳои дуҷониба тибқи мароми  роҳбарияти олии ду кишвари ба ҳам дӯст буд. Тибқи маълумоти мақомоти гумруки Тоҷикистон, соли 2019 тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон 56,29 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо ин нишондод аз имкониятҳое, ки ҳар ду кишвари аз лиҳози ҷуғрофию фарҳангӣ бо ҳам наздик доранд, хеле камтар аст.

Тавре медонед, роҳбарияти ҳар ду кишвар мақсад  гузоштаанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш диҳанд. Бо мақсади баланд бардоштани тиҷорати дуҷониба Шӯрои муштараки соҳибкорӣ (JBC) таъсис додем. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо бародарони тоҷик чораҳои имконпазир андешида истодаем, то робитаҳои тиҷоратиро боз ҳам мустаҳкамтар гардонем.

Пеш аз паҳншавии пандемия роҳҳои нави вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратро омӯхтем. Соли 2019 панҷ ҳайати соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳҳои гуногуни тиҷоратии Покистон ширкат намуданд. Соли сипаришуда ҳайатҳои  корӣ аз Покистон низ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Покистон пахта аст, ки аз ҷиҳати сифат дар ҷаҳон беназир мебошад. Аз Покистон ба Тоҷикистон шакар, сабзавот, мева, ғалладона ва доруворӣ ворид мешавад. Барои афзоиши савдои дуҷониба бояд номгӯи маҳсулотро зиёд намуда, соҳаҳои нав кашф намоем.

Масалан, барои воридоти маҳсулоти нассоҷӣ, чарм, таҷҳизоти нассоҷӣ, васоили варзишӣ, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ иқтидори бузург  мавҷуд аст. Тоҷикистон низ метавонад ба Покистон мева, аз қабили ангуру гелос,  алюминий ва ангишт содирот кунад. Аллакай барои васеъ кардани ҳамёни истеъмолӣ  кор бурда истодаем. Ман хушбин бар онам, ки баъди рафъ шудани пандемия ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дучанд меафзояд.

- Дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ Тоҷикистон бо соҳибкорони покистонӣ кадом  имкониятҳоро пешниҳод карда метавонад?

- Тавре дар боло гуфтам, воридоткунандагони покистонӣ ба пахтаю алюминий, меваю сабзавот ва ангишти Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Илова бар ин, Тоҷикистон метавонад ба Покистон ашёи минералӣ ва сангҳои қиматбаҳою нимқиматбаҳо содир  кунад. Зеро Покистон дар истеҳсоли маснуоти заргарию ороишӣ таҷрибаи бой дорад ва маҳсулоташ бозоргир аст.

Тоҷикистон воқеан ба сармоягузорони хориҷӣ  имкониятҳои ҷолиб пешниҳод мекунад. Дар панҷ  минтақаи озоди иқтисодӣ («Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим») аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шудаанд, ки қобили таваҷҷуҳи хос аст. Барои сармоягузорон дар бахшҳои  чармгарӣ, нассоҷӣ ва парандапарварӣ имтиёзҳои махсус (озод будан аз андоз аз  даромад, андоз аз амволи ғайриманқул, боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда) мавҷуданд. Аксар соҳибкорони покистонӣ, ки ман бо онҳо мулоқот доштам, барои ташкили корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, хусусан, дар соҳаҳои фармасевтӣ ва парандапарварӣ, ҳавасмандӣ изҳор намуданд. Итминони комил дорам, ки бо саъю кӯшиши якҷоя ҳамкориҳои  дуҷонибаро дар ин самт тавсеа хоҳем бахшид.

- Назари шумо вобаста ба лоиҳаи «CASA — 1000» чӣ гуна аст?

- Амалишавии он барои чор кишвари иштирокчӣ — Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонис­тон ва Покистон муфид хоҳад буд. Покистон ба ин лоиҳа аҳамияти зиёд медиҳад, зеро он имконият хоҳад дод, ки 1000 — 1300 МВт неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро  ба шабакаи миллӣ дар фасли тобистон, ки кишвар ба он хеле ниёз дорад, ворид созем. Он рӯз дур нест, ки неруи барқи обии Тоҷикистонро дар Покистон истифода хоҳем бурд.

Муҳимтар аз ҳама, ба итмом расидани лоиҳа дӯстии чор  кишвари иштирокчиро тақвият  мебахшад.

- Мавҷуд будани хатсайри мустақими ҳавоӣ барои ривоҷ додани робитаҳои тиҷоратӣ ва рафтуои одамон хеле муҳим аст. Дар самти барқароркунии роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Соли 1992 ҷониби Тоҷикистон дар се марҳила парвозҳои мустақимро ба Покистон ба роҳ монд. Охирин марҳилаи он аз ҷониби Ширкати «Сомон Эйр» ба самти «Душанбе — Лоҳур» соли 2016  сурат гирифт, лекин чор моҳ  идома ёфт.

Алҳол барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим пайваста кор мебарем. Бо роҳбарони Ширкати «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» мулоқот намуда, масъаларо баррасӣ кардем. Мақомоти ҳавопаймоии ҳар ду ҷониб низ ба ин масъала таваҷҷуҳ доранд. Бовар дорам, ки парвозҳои мустақим байни Покистону Тоҷикистон ба пешрафти тиҷорати дуҷониба ва сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

- Робитаҳои фарҳангӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?

- Фарҳанги Покистону Тоҷикистон на танҳо шабеҳи ҳамдигаранд, балки решаи қадими таърихӣ дошта, аз бисёр ҷиҳатҳо беназиранд. Масалан, мардуми тоҷик бо фарорасии баҳор Наврӯзро ҷашн мегиранд. Покистониён ба ин монанд ҷашни «Басант» (Баҳор) доранд. Таҷлили идҳои Рамазону Қурбон низ дар ҳар ду кишвар як хел аст.

Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ аз 6 то 8 — уми  марти соли равон дар шаҳри Душанбе «Ҷашнвораи фарҳангии Покистон» баргузор шуд. Вобаста ба ин намоишгоҳҳои гуногуни фарҳангии Покистон, бо пешниҳоди маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои мардумӣ, либос, кулолгарӣ, ороишӣ, чароғҳои аз пӯсти шутур тайёршуда ва масолеҳи  керамикию санги мармар ташкил гардид. Инчунин, аз Покистон ду ошпази ботаҷрибаро овардем, ки маҳорати омода намудани хӯрокҳои покистониро ба уҳда доштанд. Ду ҳунарманди дигар дуҳулро дар гардан овезон  намуда, навоҳои  покистониро зинда пешкаши бинандагон гардониданд. Тоҷикон мардуми мусиқидӯстанд. Ман шоҳид будам, ки на танҳо ҷавонон, балки  бонувони  калонсолу  кӯдакон низ зери навои дуҳул мерақсиданд.

Ғайр аз ин, сафари рассоми машҳури Покистон Абдураҳмон Наққошро ташкил кардем. Вай на танҳо шоҳасарҳои наққоширо ба намоиш гузошт, балки ҳунари наққошиашро дар рӯи ашёи гуногун намоиш дод. Мардуми тоҷик ба  маҳорату  малакаи ӯ баҳои баланд доданд.

Дар давоми се рӯз ҳазорон нафар ба  тамошои ҷашнвора омаданд. Меҳмонон, инчунин, ғизоҳои анъанавии Покистонро чашиданд. Бешубҳа, ин қабил чорабиниҳо одамонро ба ҳам  наздиктар хоҳанд кард.

- Дар самти ба роҳ мондани робитаи муассисаҳои таълимӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Моҳи июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон  ба номи  Пир Алӣ Шоҳ Меҳр Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Чунин ҳамкориҳо миёни макотиби олии Покистону Тоҷикистон дер боз вуҷуд дорад.

Мехоҳем  мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон низ  афзоиш ёбад. Ҳоло роҳҳои таҳсили донишҷӯёни покистонӣ дар макотиби олии Тоҷикистонро омӯхта истодаем.

Покистон дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои  гуногун, аз қабили муҳандисони дараҷаи олӣ, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, зироаткорӣ ва ғайра собиқаи дерина дорад. Омодаем, ки ба донишҷӯёни хоҳишманди тоҷик барои таҳсил намудан дар донишгоҳҳои Покистон  мусоидат намоем. Умед аст, ки дар ин самт низ робитаҳо  қавию устувор мегарданд.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ«Садои мардум»