Иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегиранд

№150 (3944) 18.12.2018

Scan3Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корҳои бунёдкорӣ торафт вусъат ва як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд.

- Дар ноҳияи Шаҳристон, ки сохтмони 68 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, чанде пеш (дар маркази ноҳия) бинои Маркази хизматрасонии техникӣ ва биноҳои анбори захираи маҳсулоти кишоварзии кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» ва ҳаммоми нав дар деҳаи Себзори деҳоти «Бунҷикат» мавриди истифода қарор гирифтанд, — гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Исматшо Шоаҳмадов. Дар маросими баистифодадиҳии онҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва раиси ноҳия суханронӣ намуданд.

Маркази хизматрасонии техникӣ аз тарафи соҳибкор Дилмурод Азизмуродов бо сарфи 185 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.

Дар анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба маблағи зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ таъмир ва азнавсозӣ гардидаанд, 250 тонна маҳсулот захира карда мешавад.

Бинои ҳаммом дар деҳаи Себзор аз тарафи соҳибкор Ҳусниддин Маликов бо харҷи 128 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»