Қирғизистон. Қабули қонун дар бораи расонаҳо

№47 (3684) 02.05.2017

1Чанде қабл Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори омма»-ро, ки танҳо ба шаҳрвандони ин кишвар ҳаққи таъсиси расонаро медиҳад, қабул кард. Онро аз 105 вакиле, ки дар ҷаласа ширкат доштанд, 104 намоянда ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳуҷҷати мазкур, пеш аз ҳама, ба онҳое, ки ҳаққи таъсиси расонаро дар Қирғизистон доранд, дахл мекунад.

Ташаббускорони лоиҳа аз ибтидо пешниҳод дош­танд, ки сармоягузории хориҷӣ дар бахши расонаҳо то 20 дарсад иҷозат дода шавад. Аммо баъдтар ин қисмати лоиҳа бетағйир боқӣ монд. Ҳамакнун саҳмияи хориҷиҳо дар бахши расонаҳо, мисли пешин, то 35 дарсад иҷозат аст.

Чанд вакили парлумон, ки лоиҳаро пешниҳод карданд, гуфтанд, тағйироти мазкур танҳо ба бахши телевизион дахл дошта, радио ва нашрияҳо, аз ҷумла радиоҳои хориҷиро дар бар намегирад.

дар ин кор саҳми калон мегузорад», — иқтибос меорад гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Олмон Томас де Мезераро агентии «Reuters».

Расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки декабри соли гузашта ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, Канслери Олмон Ангела Меркел даъват карда буд.

«Садои мардум»