Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исфара. Соҳибкорони бурунмарзӣ 40 иншоот сохтанианд

№29 (3979) 16.03.2019

суратБо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа» форуми соҳибкорон доир шуд. Дар он баробари соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 150 соҳибкори бурунмарзӣ — зодагони шаҳри Исфара ширкат намуданд.

Қабл аз оғози анҷуман дар майдони марказии шаҳр намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, кишоварзиву боғдорӣ ва ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд.

- Баргузории форум тибқи дас­туру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишвар ба роҳ монда шуд,- гуфт раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода.

Ҳадафи чоруми миллӣ — эълон шудани саноатикунонии кишвар ҷиҳати рушди шаҳр бояд такони ҷиддӣ бахшад. Зеро Исфара бо корхонаҳои азими кимиёию коркарди маъдан, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохт­монӣ миёни дигар шаҳру навоҳии мамлакат имкониятҳои зиёдтар дорад. Солҳои охир ҳаҷми содиротии маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ афзуда, соли 2018 содироти семент, маҳсулоти корхонаи кимиё, меваи хушк нисбат ба солҳои қаблӣ аз 1,5 то 2 маротиба зиёд гардид.

Муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар баргузоршавии ҳамоишро далели фароҳам будани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузории кишвар арзёбӣ карда, гуфт, ки ҳиссаи вилояти Суғд дар ташаккули маҳсулоти саноатии мамлакат беш аз 50 дарсадро ташкил медиҳад.

- Таваҷҷуҳи рӯзафзуну хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавлиди бештари маҳсулоти воридотивазкунанда бесабаб нест, — изҳор дошт муовини якуми раиси вилоят. Зеро аксари истеҳсоли ин маҳсулотро метавон дар дохили кишвар ба роҳ монд. Масалан, соли гузашта ба ҷумҳурӣ аз хориҷа ба маблағи зиёда аз 10 млн. доллари амрикоӣ нӯшокиҳои гуногуни ташнашикану спиртӣ ворид карда шуд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон макони обҳои ширину мусаффост. Ба ин монанд қариб 95 дарсади маҳсулоти кимиёии шус­тушӯйӣ, аз қабили собунҳои моеъ, хамираи дандоншӯйӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Хол Ҳайдар аз соҳибкорони бурунмарзии Исфара хоҳиш кард, ки баробари бунёди иншооти хизматрасонии маишӣ, мактабу кӯдакистон, ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардумро сармоягузорӣ кунанд.

Сарвари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Шараф Шерализода баргузории форумро муҳим ва муфид арзёбӣ карда, изҳори умед кард, ки он ба рушди соҳа ва ободии диёр таҳрик мебахшад.

Дар анҷуман чанде аз соҳибкорон ваъда доданд, ки баҳри ободии зодгоҳ саҳми арзанда мегузоранд. Дар фарҷом ба соҳибкороне, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим доранд 40 иншооти ҷашнӣ бунёд намоянд, сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин супорида шуд.

Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»