Самараи истиқлолият

Ишкошим: Ободонию созандагӣ идома дорад,

№101 (3738) 24.08.2017

- мегӯяд раиси ноҳияи Ишкошим, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикрихудо Самадзода

Симои  ноҳияи Ишкошим дар давоми солҳои истиқлолият хеле тағйир ёфтааст. Акнун хонаҳои истиқоматии бо тарҳи замонавӣ  бунёдгардида ҳусни маркази ноҳия ва деҳотро меафзоянд.

Раиси ноҳияи Ишкошим, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикрихудо Самадзода дар ин робита чунин изҳори андеша намуд: — Ҳоло дар ноҳияи мо давраи навбатии ободонию созандагӣ оғоз гардидааст. Айни замон чароғонкунию мумфаршкунии кӯчаю тангкӯчаҳо ҷараён дорад. Аз самараи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳия зиёда аз 100 иншооту бинои таъиноти гуногун бо харҷи беш аз 70 миллион сомонӣ бунёд шуд. Инчунин, корҳои шоистае, аз қабили ба истифода додани хатҳои обгузар, неругоҳҳои хурди барқи обӣ, таҷдиди таҷҳизоти Неругоҳи барқи обии  ба номи Н. Отамбеков, хатти интиқоли барқ ба зеристгоҳи Андаробу Ишкошим, аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ баровардани трансформаторҳо, кашидани хатти кабелӣ ва ғайра бо харҷи садҳо ҳазор сомонӣ анҷом ёфтанд.

Ба хотири пешрафти беш аз пеши ин ноҳияи кӯҳистон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 — 2020» қабул гардидааст, ки дар доираи он аз худ намудани як қатор иқтидорҳои нав пешбинӣ мегардад.

«Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020» дар маҷмӯъ  134 лоиҳаро дар бар мегирад, ки барои амалӣ шудани онҳо 220 миллион сомонӣ сарф мешавад.

Ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар 10 соли охир панҷ нафар аз ҷумлаи занони ноҳия барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бунёди сехҳои дӯзандагӣ, мурғпарварӣ, корхонаи тибетресӣ ва сохтмони ошхона 95 ҳазор сомонӣ  гранти президентӣ гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар ноҳия коргоҳҳои хурди саноатӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли тоқиҳои помирӣ, хишт ва ғайра фаъолият доранд. То охири сол корхонаҳои коркарди чӯб ва ангат низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар деҳоти «Шитхарв» маркази саломатӣ, маркази савдо ва дар деҳаи Дрижи деҳоти «Вранг» бунгоҳи тиббӣ бунёд меёбад. Беморхонаи минтақавии деҳоти «Вранг» таъмир ва беморхонаи минтақавии деҳаи Туггоз бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуд.

Дар ноҳия бунёди меҳмонхонаҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ идома дорад. Соли ҷорӣ дар деҳоти «Шитхарв» ва маркази ноҳия меҳмонхонаҳои барҳавои дуошёна мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҳоло дар заминаи чашмаҳои шифобахши маҳал се истироҳатгоҳ фаъолият доранд. Ояндаи наздик боз 4 — 5 истироҳатгоҳи дигар бунёд мегардад.

Дар Минтақаи озоди иқтисодӣ, дар мавзеи Дашт, кор дар ҷӯшу хурӯш аст. Коргарон дар он ҷо, асосан ба кашидани хатҳои об, барқ ва бунёди роҳ машғуланд. Дар минтақаи мазкур тавлиди коргоҳҳои зиёде низ дар назар дошта шудааст.

Ноҳия  2787 гектар замини кишт дорад. Соли 2016 хоҷагидорон ҷамъ 40280 сентнер ғалла ва 125000 сентнер картошка истеҳсол намуданд. Дар ин ҷо ба бунёди боғ ва парвариши чорво низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ҳоло сокинони деҳот соҳиби 15734 сар гову гӯсола ва 77813 сар бузу гӯсфанд мебошанд, ки шаҳодати рӯзгори осудаи онҳост.

Шоҳтолиби Шоҳқосим,

«Садои мардум»