Иштирокчии ҷанг бошӣ, ба ман чӣ?!

№52 (4002) 09.05.2019

Ё чаро эҳтироми калонсолон ба ҷо оварда намешавад?

Чанде қабл бо ибтикори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан ба истиқболи 74 — солагии Иди Ғалаба дар даромадгоҳи ҳавлии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Лакати деҳоти «Зарҳалол», ки дар қайди ҳаёт нестанд, навиштаҷоти «Дар ин ҷо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ… (бо овардани ному насаб) зиндагӣ мекард» лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Раиси Шӯро Абдуваҳҳоб Қаюмов дар шарҳи иқдом зикр кард, ки таҷрибаи замони гузаштаро, ки барои эҳтирому пос дош­тани ному кори неки родмардон анҷом дода мешуд, аз нав эҳё кардем.

Раиси Иттифоқи ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионии шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов низ ин ибтикорро ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи истиқомати ҳар як иштирокчии ҶБВ, новобаста аз он ки зинда аст ё не, лавҳа гузош­та мешуд. Ин гуфтаҳо ба хотири ман ҳодисаеро пеши рӯй овард, ки чанд ҳафта қабл шоҳид будам.

Дар ошёнаи сеюми Беморхонаи марказии ноҳия анбуҳи зиёди беморонро дидам, ки барои аз муоинаи рентген гузаштан навбат мепоиданд. Аксари онҳоро ҷавонон ташкил мекарданд.

Пири қоматхамидаеро навраси 15 — 16 — сола ба рентгенхона дароварданӣ шуд, вале ҷавонзани 30 — 35 — сола пеши роҳашонро гирифта, гуфт:

- Истед, навбати ман.

Мӯйсафед бо мулоиматӣ гуфт:

- Духтарам, маҷоли рост истодан надорам. Сониян, барои иштирокчиёни ҷанг хизматрасонӣ бенавбат аст.

Ҷавонзан рӯй турш карда, гуфт: «Ҷанг карда бошед, ба ман чӣ?

Ин вақт ҷавонмарди ҳузарб, ки шавҳари зан будааст, бо оҳанги дурушт пеши роҳи мӯйсафедро гирифта гуфт:

- Як дам шинед, замин ба осмон намечаспад. Зани ман кӯдаки ширмакашро партофта, ин ҷо омадагӣ! Бенавбат даромадани шумо шояд дар замони шӯравӣ вуҷуд дошт. Имрӯз чунин нест!

Яқин он ҷавонмард хабар надорад, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ин табақа ҳоло ҳам ба як қатор имтиёзҳо ҳақ дорад.

Зану шавҳари ҷавонро накуҳиш кардам. Гуфтаҳоям ба онҳо таъсир кард, магар ки худ­ро аз дами дар дур гирифтанд. Аз духтур хоҳиш кардам, ки мӯйсафедро бенавбат қабул кунад.

Табъам хира шуду ба ҷустуҷӯи утоқи кории сардухтур афтодам. Дараш қулф буд. Гуфтанд, ки ба идораи тандурустии вилоят рафтааст. Муовинашро ёфта, вазъиятро ба ӯ фаҳмондам. Эроди маро хуш қабул карда, ваъда дод, ки ба раис мерасонад.

Лекин итминонам комил аст, ки ваъдаашро иҷро намекунад. Мардуми «табармусулмон» то аз боло амр нашавад, ягон корро бо ташаббус анҷом намедиҳад. Сониян, аксари духтурон ба ин кор манфиатдор нестанд.

Вазъият дар муассисаҳои табобатии хусусӣ, ки шумораашон дар вилояти Суғд хеле зиёд аст, аз ин ҳам бадтар аст. Онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» — ро умуман ба эътибор намегиранд. Ҳол он ки риояи муқаррароти қонун дар ҳама корхонаю идораҳо, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ аст.

Зарур аст, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат дар робита ба ин масъала ба муассисаҳои зертобеъ хаттӣ дастур ирсол намояд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»