Иштироки вакилон дар ҷаласаҳои комиссияҳои АБ ИДМ

№132 (4394) 26.10.2021

18 — 21 октябри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ доир гардид, ки дар он Намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода аз тариқи ҳузурӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, вакилон Мавлудахон Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Сарвиноз Маҷидова, Толибхон Азимзода, Фозил Обидзода ва Зоир Раҳмонзода аз тариқи фосилавӣ ширкат карданд.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои марбут ба маблағгузории ҷории фаъолияти АБ ИДМ, ташаккул ва иҷрои буҷети Ассамблеяи байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Аъзои комиссия маълумотро дар бораи натиҷаҳои Конгресси нуҳуми байналмилалии экологии Нева, оид ба таҳияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология ва истифодаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ низ шуниданд. Инчунин, рафти омодасозии барномаи нави Тавсияҳо барои нозирони байналмилалӣ аз ИДМ оид ба назорати интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.