Ислоҳоти ҳокимияти судӣ маҳсули истиқлолияти давлатист

№108 (4214) 05.09.2020

Коллаж готИстиқлолияти давлатӣ рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, дарки ­масъулият барои ҳаёти созанда, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ифодакунандаи мақсаду мароми халқ аст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Тоҷикистон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба арсаи сиёсати байналмилалӣ ворид гашта, дар самти дастгирии сулҳ ва амнияти дохилию байналмилалӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ба давлатҳои ҳамҷавор, мубориза бо терроризм ва экстремизм, проблемаҳои об ва экология дар сайёраи замин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг ва ниёгон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Баъди Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ҷиҳати тақвият ва густариши минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҳокимияти судию адолати судӣ, заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ пайдо шуданд. Дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар барои фаъолияти хокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яке аз заминаҳои муҳим ва такондиҳанда дар самти инкишофи низоми судӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба ҳисоб меравад, ки барои ислоҳоти ҳокимияти судӣ заминаи боэътимод гузошт.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити кунунӣ ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин радиф, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлатдорӣ эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Воқеан, пойдории давлату ҷомеа ва бақои он ба ҳокимияти судӣ эҳтиёҷ ва пайвасти ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки ҳокимияти судӣ пайваста таҳким ва густариш ёбад.

Дар ташаккулу таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат дар кишвар корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам гардидани ҳокимияти судӣ ба сифати шохаи алоҳида ва мустақил, инчунин, давра ба давра қабул гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, далели равшани ин гуфтаҳост.

Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар раванди таърихии рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қарор дорад. Ин раванд тақозо менамояд, ки рушду нумӯи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар шароити нави гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигар таъмин карда шавад. Дар робита ба ин, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ доранд. Таҳкими кафолати ҳифзи судии муносибатҳои ҷамъиятӣ рушду такомули онҳоро таъмин менамояд ва барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошад.

Дар ин замина марҳила ба марҳила татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он таҳкиму тақвият бахшидан ба сох­тор, принсипҳои амалигардонии адолати судӣ, салоҳияту доираи ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддию техникӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани вазъи ҳуқуқию иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи тадбирҳои самарабахш ба ҳисоб меравад. Яке аз муҳимтарин воситаҳое, ки дар ин самт нақши муассир дорад, қабули як зумра барномаҳои марбут ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтаанд.

Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки баҳри тақвияти густурдаи фаъолияти ҳокимияти судӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Баъди қабулу тасдиқ гардидани онҳо тағйироти назаррас дар сох­тору ҳайат, шаклҳои фаъолият, таъсису ташкили ниҳодҳои нав дар сохтори болоии судҳо ва аз ҳама муҳим, қабули қонунҳои нави соҳавӣ ва такмилу тақвияти онҳо ба миён омаданд, ки аз натиҷаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза пурра огаҳ мебошем. Бо сабаби он ки ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ давра ба давра амалӣ мегардад, зарур мешуморем, ки дар аввал аз натиҷаи ислоҳоте, ки дар асоси «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои соли 2007» қабул шудааст, ёдовар шавем.

Бо мақсади такмил додан ва самарабахш гардонидани фаъолияти ҳокимияти судӣ, дар муҳлати пешбининамудаи қонун сурат гирифтани муҳокимаи судӣ, сари вақт ба роҳ мондани ҷараёни иҷрои санадҳои судӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва зеҳнии судяҳо, кормандони дастгоҳи судӣ, фароҳам овардани шароити моддию техникии судяҳо ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Яке аз бахшҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар барномаи зикршуда пешниҳод ва бевосита дар қонунгузорӣ муқаррар гардид, таъсис додани ниҳоди коромӯз-судя мебошад, ки мақсад аз он интихоб ва пешбурди номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ мебошад. Ба ин хотир, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардид. Ҳамчунин, дар асоси барнома қонунҳои соҳавӣ такмил дода, кодексҳои нави мурофиавӣ қабул шуданд.

Тағйиротеро, ки дар натиҷаи ислоҳот ба амал омаданд, наметавон ҳамчун марҳилаи аввали ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, зеро аз ислоҳоти давра ба давра маълум аст, ки то қабули барномаҳо дар сохтори судии кишвар бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва қабули қонунҳои соҳавӣ низоми ҳокимияти судӣ тақвият дода шуд ва барномаҳо фақат идомабахши он ислоҳот мебошанд.

Дар марҳилаи дигари ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки аз тасдиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 оғоз гардид, як қатор ислоҳоти судманд гузаронида шуданд. Натиҷаҳои асосии онро метавон мушаххас ба таври зер номбар кард:

- масъалаи маҳдуд намудани баррасии парвандаҳо дар Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи марҳилаи якум;

- васеъ намудани доираи салоҳияти судҳои марҳилаи кассатсионӣ;

- дар сатҳи қонунгузорӣ боз ҳам мукаммал гардонидани таъмини баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи судӣ.

Инчунин, дар марҳилаи зикр­шудаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тағйироте муқаррар шудааст, ки оянда дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нақши бузург мебозад. Чунончӣ, тақвият бахшидан барои расонидани ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ дар марҳилаҳои мурофиаи судӣ, дар таҳрири нав қабул намудани Кодекси одоби судяҳо ва қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳо мебошанд.

Дар доираи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017», ки идомабахши ислоҳоти қаблӣ мебошад, дигаргуниҳо низ ба амал омаданд, ки дар сатҳи қонунгузорӣ таҳким ёфтанд.

Бо мақсади боз ҳам такмил додани сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ гардид, ки идомабахши раванди ислоҳоти мазкур ва барномаҳои ислоҳотии қаблӣ ба ҳисоб меравад.

Давра ба давра татбиқ гардидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки идомабахши якдигар мебошанд, барои расидан ба ҳадаф ва мақсадҳои ҳокимияти судӣ ва дар маҷмӯъ, ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумати кишвар нақши муассир мебозанд. Ва ҳама аз истиқлолияти комили кишвар маншаъ мегиранд.

ГИЁЗОДА Мирзоусмон Қурбон,

раиси Суди шаҳри Душанбе