Ҳисор. Нақшаи ҷамъоварии пилла барзиёд иҷро шуд

№80 (4030) 04.07.2019

Соли равон кирмакпарварони шаҳри Ҳисор аҳд карданд, ки аз 511 қуттӣ кирмак 23 тонна пиллаи хушсифат рӯёнанд. Бино ба иттилои директори «Пиллаи Ҳисор» Алиҷон Мирзоазизов, пиллапарварони шаҳр дар миёни шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аввалин шуда, нақшаро 100,5 фоиз иҷро карданд.

- Нақша иҷро шуда бошад ҳам, вале ҷамъоварии он идома дорад, — мегӯяд Алиҷон Мирзоазизов. — Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба соҳаи пиллапарварӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Бо афзун шудани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарасти соҳа дар шаҳри Ҳисор — корхонаи истеҳсолии «Ганҷ» нархи як кило пиллаи хом 10 сомонӣ муқаррар шуда, сари вақт ба пиллапарварон пардохт гардид.

Мувофиқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» бояд дар хоҷагиҳои пиллапарварӣ 160 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида мешуд. Фасли баҳор дар хоҷагии тухмипарварии «Латиф Муродов» 800 бех, ҶДММ «Баракати чорводор» — 450, деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода — 500, хоҷагии тухмипарварии ба номи Дзержинский 600 бех ниҳоли тут шинонида шуд.

Дар маъракаи пилласупорӣ кирмакпарварони ҶДММ «Баракати чорводор», деҳоти «Навобод», «Ориён», хоҷагии тухмипарварии «Латиф Муродов» ва ҶДММ «Абдурауф Юсупов» пешсафанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»