Истаравшан. Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 600 иншоот бунёд гардид

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

DSC_0029- Ба назари ман, дастоварди бузургтарини миллат дар тӯли бисту панҷ соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, — мегӯяд раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода ва меафзояд:

- Дар ин раванд мардуми меҳнатқарини шаҳри Истаравшан сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон неруи бузурги созандагиву ободкориро ба кор бурданд.

Сарвари давлат, ки ба рушду нумуи ҳамаҷонибаи мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, борҳо ба шаҳри мо низ сафари корӣ доштанд. Зимни сафарҳо Пешвои миллат ба мардуми заҳматқарини Истаравшан, соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯст баҳои баланд дода, онҳоро ба ривоҷу равнақ додани ободкориву созандагӣ ҳидоят намуданд.

Дар натиҷа, шаҳри Истаравшан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи   Пешвои миллат ва кору заҳмати мардум дар кӯтоҳтарин фурсат симои хешро дигар кард.

Тайи ин муддат  зиёда аз 600 иншооти хурду калон, 22 бинои нави муассисаи таълимӣ, зиёда аз 40 муассисаи соҳаи тандурустӣ, маҷмааҳои варзишиву хизматрасонӣ, кӯчаю хиёбон, боғу бӯстон, растаю бозор бунёд ва зиёда аз 150 обидаю ёдгории таърихӣ таъмиру таҷдид ва барқарорсозӣ шуданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки маҳз ба шарофати Истиқлолият соҳибкории хурду миёна дар шаҳр ривоҷу равнақ ёфта, саҳми соҳибкорону тоҷирон дар ободию шукуфоии диёр хеле назаррас гардид.

Дар зарфи 25 соли Истиқлолият дар шаҳри Истаравшан Корхонаи азими «Оби зулол», 30 корхонаи хурду миёна бо фароҳам овардани зиёда аз 1500 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд корхонаҳои ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Ҳадид», ҶДММ «Пӯлод Комилов», «Раҳимӣ», «Кова» ва ғайра ташкил гардиданд, ки солҳо боз фаъолият менамоянд.

Танҳо дар соли равон ду корхонаи истеҳсолии маҳсулоти саноатии ҶДММ «Софдил-2016» ва ҶДММ «Ҷамшеди Истаравшан», ки равғани пахта истеҳсол менамоянд, ҳамчун корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис бахшида ба 25 — солагии Истиқлолият ба фаъолият оғоз намуданд.

Қобили ёдоварист, ки бо саҳмгузории соҳибкорону ашхоси саховатпеша дар ин давра панҷ бинои нави замонавию хушсифати муассисаи таълимӣ, 32 синфхонаи иловагӣ, шаш толори замонавӣ, шаш ошхона дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки соли равон муассисаҳои таълимии шаҳр пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Дар гимназияи №1 толори муосири варзишӣ бунёд гардид. Дар деҳаи Шӯраки деҳоти «Гули Сурх» сохтмони як муассисаи таълимии нав ва бинои муассисаи таълимии №11-и деҳаи Равғангарон идома дорад.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таълимии № 59-ум шаш синфхонаи иловагӣ ва бо дастгирии падару модарон, аҳли ҷамоатчигӣ, шахсони саховатпеша дар муассисаҳои таълимии №7,52,58,22, гимназияи № 6 синфхонаҳои иловагӣ, утоқҳои корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар муассисаи таълимии №22 сохтмони бинои толори варзишӣ, дар гимназияи №6 ошхона ва дар назди муассисаи таълимии №21 ду хонаи истиқоматӣ барои омӯзгороне, ки аз роҳи дур меоянд, идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҳангоми ташриф ба шаҳри Истаравшан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди шаҳраки нави «Баҳористон» санги асос гузоштанд. Дар натиҷа, аз шаҳраки «Баҳористон» ба 3315 оилаи эҳтиёҷманд қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замин барои 23 адад коттеҷ, 3 адад бинои баландошёна ҷудо карда шуд ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Дар ин ҷо тибқи нақша, инчунин бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ, 4 муассисаи таълимӣ, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, автовокзал, дар майдони 3 гектар боғи фароғатию истироҳатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи  якуми биноҳои  баландошёна ташкили нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр ва деҳот дар сатҳи баланд идома дорад. То ин дам дар деҳот зиёда аз 60 бино ва иншоот сохта, ба истифода супорида шуд.

Ҳамчунин, дар солҳои 2015-2016 дар шаҳру деҳоти Истаравшан 504,4 км роҳҳои марказиву маҳаллӣ тармим ва мумфарш гардиданд.

- Бовар дорам, ки мардуми Истаравшан дар раванди минбаъдаи бунёдкориву созандагӣ ва ободонии шаҳру деҳот камари ҳимматро мустаҳкам мебанданд ва баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу ғайрати худро ба хотири таҳкими сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва зиндагии осоиштаи халқ сафарбар менамоянд, — гуфт дар ҷамъбаст Наим Набизода.

 Таснифи Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»