Истаравшан. Саҳми «Гузари урус» дар таҷлили соли нави мелодӣ

№1 (3638) 05.01.2017

64ca97d5-98f6-453a-974c-c3ec6bbb711e Истаравшан аз шаҳрҳои қадимиест, ки анъана, суннат, расму оин ва одатҳои деринаро доро мебошад. Дар ин ҷо Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар иду ҷашнвораҳои мардуми ориёинажод бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешаванд.

Бино ба шаҳодати академик, шодравон Аҳрор Мухторов, нахустин мактаби русӣ-туземӣ дар шаҳри Истаравшан тирамоҳи соли 1886  ба кор оғоз карда, нахустин базми солинавии мактабиёни ин музофот ҳамон сол сурат гирифтааст. Пас, ба таърихи ҷашнгирии соли нави исавӣ дар Истаравшан имсол  130 сол пур мешавад.

Ба хотири аниқ кардани ин нукта бо сокини 66-солаи шаҳр, раиси Маркази фарҳангии русзабонон Олег Любимов, ки аслан муҳандиси соҳаи барқ буда, шахси бомаърифат аст, ҳамсуҳбат шудам.

- Ман дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, ба воя расидаам. Падарам — Владимир Николаевич хизматчии ҳарбӣ, модарам Нина Фоминих- омӯзгори забону адабиёти рус буду соли 1937 ба Тоҷикистон омада, умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшиданд. Онҳо мегуфтанд, ки  соли 1866 дар Ӯротеппа госпитал, қисми ҳарбӣ ташкил мешавад. Ҳамон сол мактаби русӣ таъсис ёфта, аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии русзабонҳо  дар паси Қалъаи Муғ маҳаллае ба вуҷуд омад, ки онро то ҳол сокинони шаҳр «Гузари Урус» ном мебаранд.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, онҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд қароргоҳ дорад, ҳар сол соли навро ботантана ҷашн мегиранд.

- Аъзои Маркази мо намояндагони касбу кори гуногун буда, қисми зиёдашон нафақахӯр мебошанд. Калонсолтарини онҳо хоҳарон Сарапҳо- Елизавета ва Алвина Семёновна, яке 98 — сола ва дуюмӣ 96-сола, ҳар ду иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд. Хушбахтона, онҳо ҳоло ҳам бардаму бақувватанд ва гули сари сабади чорабиниҳои солинавӣ, — мегӯяд Олег Владимирович.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»