Ду хабар аз вилояти Суғд

№10 (3960) 24.01.2019

Ифтитоҳи коргоҳи ордбарорӣ дар Истаравшан

Чанде пеш дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ба истифодадиҳии коргоҳи ордбарорӣ – ҶДММ «Тоҷикис­тон» баргузор шуд. Дар он 28 нафар сокини маҳал бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Муассиси коргоҳ — соҳибкор Илҳом Сангинов гуфт, ки ин иқдоми ӯ  дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сурат гирифтааст. Арзиши лоиҳавии иншоот 1 миллиону 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва иқтидори он истеҳсоли 60 тонна орд дар як шабонарӯз аст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ  аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи чоруми миллӣ — эълон шудани саноатикунонии мамлакат изҳор дошт, ки иқдомҳои ватандӯстона метавонанд ба татбиқи самараноки ҳадафи мазкур мусоидат намоянд.

Истеҳсоли семент афзун хоҳад шуд

Дар ин бора роҳбари Корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» Лю Хунчао зимни мулоқот ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод. Соли ҷорӣ корхона тасмим гирифтааст, ки ба маблағи 500 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Соли 2018 дар корхона 989,8 ҳазор тонна семент ҷамъ ва ба маблағи 389 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Бо дарназардошти он ки талабот ба маҳсулоти коргоҳ меафзояд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсоли сементро ба беш аз 1 млн. тонна расонанд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»