Истеҳсоли Трансформатор дар Хатлон афзоиш меёбад

№20 (4126) 13.02.2020

IMG_20200116_151659Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар соли 2019 — ум 350 трансформатори гуногунтамға истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 адад зиёд мебошад.

- Трансформаторҳои истеҳсолшуда айни ҳол дар ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд, — гуфт директори корхонаи мазкур Назаралӣ Давлатшоев. Харидори асосии трансформаторҳо ШСХК «Барқи Тоҷик» ба шумор меравад.  Барои истеҳсоли трансформатор 80 фоиз қисмҳои эҳтиётӣ аз Россия ва боқимонда аз Ӯзбекис­тону Хитой оварда мешаванд. Соли сипаригардида корхона ба маблағи зиёда аз 24 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки назар ба соли 2018 қариб 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва афзоиш 132,9 фоизро ташкил медиҳад. Корхона бо заводи трансформаторбарории Нижний Тагили Федератсияи Россия ва ширкати «Узнефт»-и Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Соли равон азнавсозии корхона ва воридсозии таҷҳизоти наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.  Таҷҳизоти нав аз Италия ва Россия ворид карда хоҳанд шуд. Баъди  насби таҷҳизоти нав содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,  «Садои мардум»