Истиқболи 100-умин соли нави умр

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

955B2D32-36FF-4ED6-B6F5-0B49102494A8_w1023_r1_sСад сол пеш, аниқтараш, 19 декабри соли 1918 дар хонадони марди зиёӣ аз шаҳри Самарқанд тифле ба дунё чашм кушод. Чун анъана аз таваллуди фарзанд волидон шоду хандон буданд ва ба ӯ Мушаррафа ном ниҳоданд.

19 декабри соли 2017 аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хабаре пахш гардид: вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, директори Театри Лоҳутӣ Лутфулло Давлатов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва дигарон  ба аёдати яке аз солдидатарин актрисаҳои тоҷик, Артисткаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафта, бо 100-умин солгарди зодрӯзашон табрик гуфтанд.

Зиндагиномаи ин зани наҷиб хеле ибратомӯз аст. Соли 1936 Омӯзишгоҳи тиббии Сталинободро хатм карда, як сол аз рӯи ихтисос кор кард.

Соли 1937, вақте 19 сол дошт, барои кори минбаъда ба Театри мусиқӣ-драмавии Лоҳутӣ омад ва то нафақа кор кард.

Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, актрисаи ҷавон М.Қосимова ба ҳайати бригадаи тарғиботӣ дохил шуда, дар ақибгоҳ ва фронт бо суруду таронаҳои ватандӯстонаю саҳнаҳои якпардагӣ баромад мекард.

Беҳтарин нақшҳои Мушаррафа Қосимова дар театр Латофат аз «Тӯй»-и С. Ғанӣ, Баҳор аз «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, Марианна аз «Ҳикояҳои модар»-и М. Горкий, модар аз «Беватан»-и С. Сафаров, Бӯстонбибӣ аз «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, Фармонбибӣ аз «Исёни  арӯсон»-и Саид Аҳмад ва ғайраҳо мебошанд.

Дар баробари кор дар театр ва тарбияи фарзандон Мушаррафа-апа дар кино як силсила нақшҳо офарида, аз радиотеатрҳо низ овози шинос  ва форамашро мухлисон борҳо шунидаанд.

Ба ӯ муяссар гардидааст, ки дар бештари филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» нақши модарони ҳалим, ғамхор ва меҳрубонро иҷро кунад. Масалан, дар филмҳои ҳунарии «Дохунда»-и режиссёр Б. Кимёгаров соли 1956, «Дӯсти ман Наврӯзов»-и  Ш.Қиёмов ва Н. Литус соли 1957, «Нисо»-и М. Орифов соли 1966, «Одами даркорӣ»-и Б. Долинов соли 1967, «Хатти парвоз»-и Т. Собиров соли 1967, «Як умр кам аст»-и «Б. Кимёгаров соли 1974, «Вохӯрӣ дар дараи марг»-и Т. Собиров соли 1980, «Ишқи нахустини Насриддин» соли 1977, «Дарди ишқ»  соли 1989, «Марди мутааллиқи ду зан»-и А.Тӯраев соли 1991 ва боз чанд филми дигари киностудияи ҷумҳуриҳои бародарӣ симои модаронааш аз ҷиҳати мусбат таҷассум ёфтааст.

Ба актриса муяссар гардид, ки дар филми ҳунарии  «Шикасти афғон»-и режиссёр В. Бортко, истеҳсоли «Ленфилм» соли 1990, бо ситораи кинои ҷаҳонӣ Микеле Плачидо ҳамроҳ нақш офарад. Шоҳиди он будам, ки дар майдончаи кинонаворгирӣ, дар деҳаи Алхучи ноҳияи Варзоб ҳам режиссёр ва ҳам Микеле Плачидо ба Мушаррафа Қосимова бо меҳру ихлос муносибат мекарданд.

Симои модарони дар лентаи кино офаридаи Мушаррафа Қосимова  яке аз дигар хубтару барҷастатар баромадаанд, аммо ду нақш – яке модари Насриддин аз филми ҳунарии «Ишқи нахустини Насриддин» ва дигаре кампир аз «Марди мутааллиқи ду зан» бузург, дурандешӣ, шаҳомат ва дилсӯзии модаронро барҷаста нишон додааст.

Махсусан, муколамаи пеш аз сафари Насриддин бо модараш таъсирбахш баромадааст. Модар ба писараш Насриддин субҳи барвақт, пеш аз сафар бо кӯза шир медиҳад.

- Модар, ман ба зудӣ бармегардам, — мегӯяд ӯ.

- Не писарам, ту дигар барнамегардӣ, — гуфт модар.

Модари Насриддин модари боирода, ғамхор ва дурандеш аст. Ҳамчунин, дар филми ҳунарии «Марди мутааллиқи ду зан»-и режиссёр Марворид Қосимова низ актриса нақши кампирро нишон додааст. Ба мушкилиҳои он айём нигоҳ накарда, қаҳрамонҳои Қосимова мададрасони занҳоанд. Тамошобин дар хотир дорад, ки ҳангоми таваллуди тифл дар шаби торик ва аз дунё гузаштани модари ҷавонро кампир чӣ қадар бо дард ва андуҳ қабул мекунад.

Вале бо ҳамаи ин хизматҳо дар театр, кино ва радио саҳми Мушаррафа Қосимова дар инкишофи санъати тоҷик ба анҷом намерасад.  Дар оилаи санъаткорон Қосимовҳо Артисти халқии СССР — Муҳаммадҷон Қосимов ва писараш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаррух Қосимов ба воя расидаанд. Дар ин ҷода, албатта, саҳми ин бонуи хонадон хеле калон аст. Маҳз дастгирӣ ва муҳаббат ба сарвари оила ва фарзандон буд, ки ду шахсияти барҷастаи фарҳангӣ ба воя расиданд.

Хизматҳои ин зани фидокор бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин» ва грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикис­тон қадрдонӣ шудааст.

Имрӯзҳо, ки Мушаррафа Қосимова Соли нави садуминро пешвоз  мегирад, мутмаинем, ки ин сол бахосият хоҳад шуд, зеро ҳама дуои шахсеро мегиранд, ки сад соли навро истиқбол  гирифтааст.

 Тиллои Некқадам,

 «Садои мардум»