«Истиқлолият ба таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон замина гузошт»

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

Хукуки кудак (1)Тарбияи дуруст ва аз лиҳози ҳуқуқӣ солими кӯдакон барои ҳар як ҷомеа муҳим аст. Зеро онҳо солмандони фардоянд. Ба ибораи дигар, агар кӯдак аз лиҳози рӯҳиву равонӣ, адолати иҷтимоӣ, маънавиёт ва таҳсилу фароғат дуруст камол ёбад, бовар ҳаст, ки фардо ҳамчун фарди солими ҷомеа ба халқу Ватан хизмат мерасонад. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ҳамсуҳбат шудем.

- Нахуст дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар даврони соҳибистиқлолӣ мегуфтед.

- Истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқу озодии кӯдаконро таҳким бахшида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятро фароҳам овард. Ҷумҳурӣ ба аксар санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ҳамроҳ шуда, ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт низоми комили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ташкил дод. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани ҳуҷҷати зиёди стратегӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат ҷумҳурӣ ба дастоварди зиёд ноил гардид. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини солимии кӯдакон боис ба сол то сол паст шудани нишондиҳандаи фавти кӯдакон гашт. Масалан, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола нисбат ба 1000 тифл ба 40,9 фоиз баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019-ум 14,9 дарсадро нисбат ба 1000 тифл ташкил кард.

Илова бар ин, ҳар сол бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии наву замонавӣ боис ба беҳтар гардидани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил мегардад. Айни ҳол дар 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2 033 900 хонанда таҳсил доранд. Танҳо соли 2019-ум 134 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии таҳсилоти томактабӣ аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.

Дар даврони истиқлолият бо дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини шароити арзанда барои ятимону бепарасторон, рушди баркамол ва соҳиб­илму соҳибмаърифат гардидани онҳо имкон фароҳам оварда шуд.

Яке аз дастовардҳои бузург дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ умр ба сар бурдани кӯдакону наврасон мебошад. Ба шарофати истиқлолият механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ рушд ёфтанд. Дар ин низом нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо мақсади тақвияти роҳу воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст, муҳим аст, ки аз замони таъсисёбӣ он барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак, бо истифода аз салоҳият, корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, аз ҷумла ҳуқуқи онҳо ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

- Соли гузашта бо ташаб­буси Сарвари давлат 84 кӯдак аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуд. Инро метавон намунаи ғамхории роҳбарияти давлат нисбат ба кӯдакон арзёбӣ кард. Доир ба вазъи феълии онҳо маълумот дода метавонед?

- Онҳо мавриди ғамхории ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бо мақсади муайян намудани вазъи кӯдакон пайваста ба аёдати онҳо меравем. Дар муассисаҳое, ки онҳо қарор доранд, ҷиҳати ба ҳаёти муқаррарӣ ворид сохтан ва ба таълиму тарбия фаро гирифтанашон шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё шудаанд.

- Бо вуҷуди ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқи онҳо ҳанӯз ҳам дар ҷомеа аз меҳнаташон истифода мешавад. Мегуфтед, ки омилҳои асосии ба меҳнат ҷалб шудани кӯдакон кадомҳоянд?

Дети- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи фаъолияти мураттаби Ҳукумати кишвар ва амалӣ гардонидани тадбирҳои дахлдор дар ин самт солҳои охир ҷалби кӯдакон ба меҳнат кам шудааст. Барои коҳиш додан ва пешгирии шаклҳои бадтарини меҳнат амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон барои солҳои 2015-2020» ва тасдиқи рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шудааст, мусоидат намуданд.

Вале, бо вуҷуди тадбирҳои андешидашаванда ҳанӯз баъзе аз сабабҳое ҷой доранд, ки боис ба истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар бозори меҳнат мегарданд, аз қабили ҷудошавии оилаҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, шаҳришавии аҳолии деҳот, норасоии ҷойҳои корӣ, серфарзандии баъзе аз оилаҳо. Кӯдакон асосан барои расонидани кумак ба оила дар харидории хӯрокворӣ, сарулибос ва пардохти хизмат­расониҳо кор мекунанд.

- Дар пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар конвенсия ва тавсияномаҳои Созмони байналмилалии меҳнат, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо дар ин самт «Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон барои солҳои 2015-2020»-ро амалӣ намуда истодааст. Дар доираи он такмил додани қонунгузорӣ дар ин самт, ба роҳ мондани низоми мониторинги меҳнати кӯдак, аз бозори меҳнат баровардан ва бо касбомӯзӣ ҷалб намудани кӯдаконе, ки бо меҳнати вазнин машғуланд, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон равона гардидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун узви Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар доираи салоҳият бо аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон оид ба кафолатҳои муқаррар намудани қонунгузорӣ дар робита бо муносибатҳои меҳнатии кӯдакон ва манъи истифодаи онҳо дар корҳои вазнин чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронад.

- Соли равон чанд ҳолати хушунат ва мавриди таҷовуз қарор гирифтани кӯдакон рух дод. Вобаста ба онҳо чӣ чора андешида шуд?

- Ҳуқуқи озод будан аз шакл­ҳои зӯроварӣ ҳуқуқи бунёдии кӯдакон ба шумор рафта, бо қонунгузории амалкунанда кафолат дода мешавад. Мутаассифона, ҳоло ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла мавриди зӯроварии ҷисмонию шаҳвонӣ қарор дода шудани онҳо ҷой дорад.

Ҳар як ҳолате, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълум мегардад, аз ҷумла ҳолатҳое, ки шумо зикр намудед, пайгирӣ карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки ҳар як ҳодисаи хушунат нисбат ба кӯдакон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ ва тафтиши ҳамаҷониба қарор гирифта, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Масалан, шаҳрванд З. Ю. барои таҷовузи ноболиғи сесола бо ҳукми суд ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ ҳабси якумра таъин гардид.

Дар раванди таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таъмини ҳуқуқи кӯдакон-ҷабрдидагони зӯроварӣ, аз ҷумла таъмини онҳо бо ҳимоятгар ва равоншинос, риояи тартиби пурсиши онҳо, риояи дигар ҳуқуқи кӯдакон муҳим аст. Ҷиҳати мусоидат дар таъмини ҳуқуқи кӯдакон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд.

- Оё кӯдаконе, ки дорои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҳастанд, имтиёз доранд?

- Ба кӯдакони дорои ВНМО табобати зиддиретровирусии ройгон кафолат дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як нафар сироятёфтаи ВНМО имконият дорад вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархӯрдор бошад. Инчунин, ба оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони то 16-солаи гирифтори ВНМО зиндагӣ мекунанд, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 кумакпулии моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад.

Солҳои охир барои таъмини ғизои кӯдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

- Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон роҷеъ ба ҳуқуқи кӯдак чӣ гуфтанӣ ҳастед? Онҳо бештар ба кадом масъалаҳо марбутанд?

- Қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак 84 муроҷиат ворид гардид. Мавзӯи онҳо асосан масъалаҳои ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо волидайн, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтани кӯдак, таъминоти иҷтимоии кӯдакон, аз ҷумла пардохти алиментро дар бар мегиранд.

Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута баҳри ҳалли машкилоти онҳо кумак мерасонем. Дар давраи зикршуда 5 муроҷиат мусбат ҳал гардид. Боқимонда, бинобар ба салоҳияти мақомоти дигар дахл доштан, ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Дар ҳолати зарурӣ ба муроҷиаткунандагон машварати ҳуқуқӣ низ медиҳем. 

Мусоҳиб

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»