Истиқлолият воқеаи муҳими таърихӣ аст

№111 (3905) 13.09.2018

20180906_101214Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги  таърихӣ буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилият имкон дод, мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мақом ва мавқеи хос пайдо намояд.

Аввалин заминаҳои ҳуқуқии ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сентябри соли 1991, № 392 «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошанд, ки минбаъд тибқи онҳо мамлакат ҳамчун давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд эълон гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беандозаи истиқлолиятро барои халқи тоҷик чунин баҳо додааст:

«Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутаммадину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Яке аз санадҳои муҳим ва сарнавиштсоз барои давлату миллати тоҷик дар давраи истиқлолият аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) мебошад, ки ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошта, инсон, ҳуқуқ ва  озодии ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуд. Меъёрҳои он дар рушди давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикис­тон, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, муносибатҳои сифатан нави миёни шахсият, ҷомеа ва давлат, инчунин ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар натиҷаи таҳавуллот ва дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдату субот ва ризояти миллӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 23 майи соли 2016 тағйироту иловаҳои нав ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки идомаи мантиқии ислоҳоти судӣ ба ҳисоб мерафт.

Боби 8- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, ки мувофиқи моддаи 84 — и он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро  ҳифз менамояд.

Маҳз дар солҳои соҳибихтиёрӣ қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла, кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, судии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд ба таҳкими ислоҳот дар ҳокимияти судӣ мусоидат намуданд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо барномаҳои  ислоҳоти судӣ -  ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2011 – 2013 ва 2017 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар бар гирифта, дар самти гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ, тибқи нақшаи иловагии ба он замимашуда, марҳила ба марҳила амалӣ ва татбиқ шуда  истодаанд. Бояд қайд кард, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст. Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судии кишвар бузург аст.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуда, дар сатҳи конститутсионӣ кафолат дода шудааст, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи мақомоти судӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти судӣ дар мамлакат ба амалӣ гаштани меъёрҳои конститутсионии зикршуда вобастагии амиқ доранд.

Ва ҳама он пешравие, ки дар боло қайд шуд, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гаштааст. Бинобар ин, бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем, ки парчами истиқлолият асрҳои аср болои  сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад!

Далер ЗУҲУРЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ