Шарҳи кодекс

Изофакорӣ дар як сол аз 120 соат зиёд буда наметавонад

№133 (3613) 25.10.2016

DSC_1107Хабарнигорамон аз раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад хоҳиш намуд, ки баъзе паҳлуҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навро (аз 23 июли соли 2016 №1329) шарҳ диҳад.

- Муҳлати рухсатӣ барои занони ҳомила ва заноне, ки як ва аз он зиёд фарзанд таваллуд кардаанд, чӣ тавр муқаррар мешавад?

- Моддаи 223 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод, дар ҳолати таваллуди мушкил – ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кӯдак – яксаду даҳ рӯз, яъне мувофиқан 140, 176 ва 220 рӯзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад. Кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт мегардад.

Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занон, новобаста аз рӯзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот, пурра пардохт мешавад. Моддаи 224 муқаррар мекунад, ки баъди анҷоми рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан (шахси дорои уҳдадориҳои оилавӣ) ба ӯ барои нигоҳубини кӯдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани кӯдак рухсатӣ дода мешавад ва аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ мегирад.

Ба кормандоне, ки кӯдакони навзодро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 226) фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод – яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак рухсатӣ дода, аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ пардохт карда мешавад. Ин шахсон бо хоҳиши худ, инчунин барои то ба синни як солу шашмоҳагӣ ва сесолагӣ нигоҳубин кардани кӯдакашон метавонанд рухсатӣ гиранд.

Мутобиқи моддаи 227 ба падароне, ки кӯдакро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дурудароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар) ва ба васии (парастори) ноболиғон кафолат ва имтиёзҳои зани кӯдакдор татбиқ карда мешавад.

- Давомнокии вақти корӣ ё ҳафтаи корӣ чӣ гуна танзим мешавад ва ҳангоми ҷалби кормандон ба кори иловагӣ маҳдудиятҳо пешбинӣ гардидаанд?

- Давомнокии вақти корӣ (моддаҳои 66 — 81) метавонад муътадил, кӯтоҳкардашуда ва нопурра бошад. Он дар ташкилотҳо ҳафтае набояд аз 40 соат зиёд ҳисоб шавад. Ҳамчунин, бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст вақти кории давомнокиаш кӯтоҳтар бо пардохти музди меҳнати вақти кории муътадил пешбинӣ гардад. Инчунин, давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат ба шахсони зерин муқаррар карда мешавад: кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд; кормандони маъюб, кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.

Ба кормандоне, ки дар раванди меҳнат ба ҳолати барои саломатӣ зарарнок дучор мешаванд ва гурӯҳи алоҳида (духтурон, омӯзгорон ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст, яъне хусусияти махсус дорад, давомнокии вақти корӣ дар як ҳафта на зиёда аз 35 соат бояд бошад.

Бо созиши корманд ва корфармо мумкин аст рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи корӣ бо пардохти музди меҳнати вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ё мутаносибан ба вақти корӣ муқаррар карда шавад. Вале вақти нопурраи корӣ метавонад сабаби маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатии корманд ­гардад.

Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст) барои кормандони аз 15 то 16-сола — 5 соат ва аз 16 то 18-сола — 7 соат, барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд — аз 14 то 16-сола — 2,5 соат ва аз 16 то 18-сола — 3,5 соат, барои шароити муътадили кор — 8 соат, барои маъюбон — 6 соат муқаррар шудааст. Барои кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, соати корӣ аз нисфи давомнокии муътадили вақти корӣ зиёд буда наметавонад.

Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи корӣ меъёри якҳафтаинаи кор 40 соат — давомокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, меъёри якҳафтаина 35 соат — аз 6 соат, меъёри ҳафтаина 24 соат — аз 4 соат наметавонад зиёд бошад. Давомнокии вақти кории ҳаррӯза (баст) дар арафаи рӯзҳои иди ғайрикорӣ барои кормандон на камтар аз як соат кӯтоҳ карда мешавад. Дар сурати кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза дар рӯзҳои пеш аз иди ғайрикорӣ имконнопазир будан бо додани вақти иловагии истироҳат ҷуброн ё бо розигии корманд ҳамчун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ пардохт карда мешавад.

Моддаҳои 79-81 изофакорӣ, ҳолатҳои истисноии истифода ва тартиби ҳисобкунии вақти кориро ба танзим медароранд. Дар сурати 12 соат будани давомнокии баст, корҳое, ки шароиташ махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакорӣ манъ аст. Изофакорӣ барои як корманд дар як сол аз 120 соат зиёд буда наметавонад.

Қонунгузорӣ 6 ҳолати истисноии истифодаи изофакориро муқаррар менамояд: корфармо уҳдадор аст вақти кории ҳар як корманд, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт дақиқ ҳисоб кунад. Ҳисоби соатҳои изофакорӣ, кор дар бастҳои шабона, рӯзҳои истироҳат, ид, сафари хизматӣ алоҳида бурда мешавад.

- Қарордоди меҳнатӣ дар кадом ҳолат қатъ мегардад, оё корфармо метавонад бо салоҳдиди худ якҷониба онро бекор кунад?

- Моддаҳои 39 ва 42 Кодекси меҳнат ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ва асосҳои бо ташаббуси корфармо бекор кардани онро муқаррар менамоянд.

Асосҳои зерин боиси бо ташаббуси корфармо бекор карда шудани шартномаи меҳнатӣ мегарданд: барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон, қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкарда ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатӣ, мунтазам бе сабабҳои узрнок иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зимаи корманд гузоштааст, агар пештар ба корманд чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд, бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир нашудан, аз ҷумла давоми рӯзи корӣ зиёда аз 3 соат набудан дар ҷойи кор, ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор ва рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан, аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартоӣ баъди ба маълумоти ӯ расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартоӣ ва ё манъи корпартоӣ, қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷониби корманди вазифаҳои тарбиявиро иҷроменамуда содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад, пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор, манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷиш ва ғайра.

Ҳамчунин, дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизом метавонад дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ карда шавад. Ба истиснои ҳолатҳои зикргардида аз тарафи корфармо яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ манъ аст.

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваққатӣ (ба ғайри ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ) ва дар давраи рухсатӣ ё сафари хизматӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ, роҳ дода намешавад.

- Интизоми меҳнатиро қонунгузорӣ чӣ тавр муқаррар намудааст?

- Бо мақсади расидан ба дастовардҳои меҳнатӣ (моддаҳои 59-65) ба корфармо ҳуқуқ дода мешавад, ки намудҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ва барои вайрон кардани интизоми меҳнат нисбати корманд ҷазоҳои интизомиро дар намуди сарзаниш, танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ тат­биқ намояд. Инчунин, корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ташаббуси худ шартномаи меҳнатиро бо корманд метавонад қатъ намояд.

Дар баробари ин, корфармо уҳдадор мешавад, ки ҳангоми муайян кардани намуди ҷазои интизомӣ, мазмун, ҳолат, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ӯро ба меҳнат ҳатман ба эътибор гирад.

Корманд ҳуқуқ дорад, ки дар сурати норозӣ будан бо ҷазои интизомӣ, нисбати санад оид ба татбиқи он бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»